Нақша:
1. Дини Конфутсий ва таълимоти он.
2. Ҷараёни динию фалсафии Даосия.
Адабиёт:
1.Дини Конфутсий ва таълимоти он.
Аз динҳои Чини қадим ду дин ниҳоят машҳур гашта буданд, яке таълимоти динию ахлоқии Конфутсий ва дигар-даосия. Конфутсий шахсияти таърихӣ буда дар соли 551 пеш аз мелод таваллуд ёфта аст. Ў дар соли 479 пеш аз милод вафот кардааст. Конфутсий мансабдори калоне дар вилояти Лу буд. Асарҳои эҷодкардаи ў аз ду маҷмўаи калон иборатанд, ки якеро «Панҷкитоба» (У-цзин) ва дигариро «Чаҳоркитоб» (Сы-шу) меноманд. Панҷкитоба-китоби асосии дини конфутсианӣ мебошад. Китоби якуми Панҷкитоба аз маҷмўи дуоҳои соҳирона, китоби дуюм аз таърихи императорҳои қадимаи асотирии Чин, китоби сеюм аз маҷмўи ашъори қадима иборат буда, фақат дар охири ин маҷмўа суруду гимнҳои динӣ, ки ҳангоми иҷрои маросимҳои динӣ ва қурбоникунӣ хонда мешаванд, ба назар мерасанд; китоби чорум ба тавсифи урфу одатҳои зиёди халқӣ бахшида шуда, мавзўъҳои динӣ дар он каманд; китоби панҷум таърихи замонии яке аз вилоятҳои Чинро дар бар гирифта, дар он ягон лаҳзаи динӣ дарҷ нагардидааст.
Китоби якуми «Чаҳоркитоб»-таълимоти худтакмилдиҳии инсонро, ки яке аз шогирдони Конфутсий онро аз рўи таълимоти Конфутсий навиштааст, дар бар мегирад; китоби дуюм дар хусуси он аст, ки инсон дар ҳар як кор бояд таносубу тавозунро риоя намояд ва ба ифрот роҳ надиҳад; китоби сеюм панду ҳикматҳои Конфутсий ва шогирдонашро ва китоби чорум бошад таълимоти фалсафии яке аз бузургтарин шогирдони замони дери Конфутсий-Мэн Цзыро дар бар гирифтааст.
Дар он чизе, ки зикр шуд, чи тавре дида мешавад, мазмунҳои динӣ умуман кам ба назар мерасанд. Мазмуни асосии таълимоти Конфутсийро қоидаҳои рафтори дуруст ва ҳаёти дуруст ташкил медиҳад. Аз ҳамин сабаб ҳам имрўз дар байни зиёиёни хитойӣ чунин ақидае вуҷуд дорад, ки конфутсианӣ аслан дин нест. Он системаи фалсафӣ ва маҷмўи қонунҳои ахлоқи давлатӣ ва шахсӣ мебошад. Ин ақида нодуруст мебошад, зеро дар байни китобҳои Конфутсий китобҳое ҳастанд, ки дар онҳо сухан аз қувваҳои фавқуттабиӣ, ҷину рўҳ ва дунёи дигар меравад. Худи Конфутсий ҳамаи урфу одатҳои диниро бисёр бодиққат иҷро мекард ва дигаронро низ ба иҷрои ҳатмии онҳо даъват менамуд. Баъд аз маргаш ў ба дараҷаи улуҳият (худоӣ) бардошта шуда, худи император ба хотири бузургдошти ў расму ойинҳои диниро иҷро мекард. Дар ибтидои асри XX дар Чин 1500 маъбади бузургдошти Конфутсий мавҷуд буд. Конфутсианӣ ҳамчун дин аз давраҳои ҳукмронии сулолаи Хан (206 то мелод-220 баъди мелод) ба фаъолият пардохтааст.
Аз рўи мазмуни худ ойини конфутсианӣ-ин қонунигардонии одии расму таомулҳои оилавии аз қадим дар Чин мавҷуд буда мебошад. Конфутсий ба онҳо ягон чизи нав дохил накардааст. Худи ў чандин бор таъкид намудааст, ки ў ба дин ягон чизи наве дохил накардааст ва фақат талаб мекунад, ки қонуну русуми қадима ба тарзи ҷиддӣ риоя гарданд. Яке аз он расмҳои қадима парастиши гузаштагон буд, ки он мазмуни асосии дини конфутсианиро ташкил дод. Ҳар як оилаи хитойӣ маъбади оилавии худро дошт, ки дар он дар вақтҳои муайян ибодати оилавии худро анҷом медод. Дар қадим дар назди қабрҳо хонаи хурд-маъбад сохта онҷо қурбонӣ мекарданд. Дар замони сулолаи Хан бошад, сохтани маъбад (мяо) шакли дигар гирифт-мардуми одӣ мебоист дар хонаи худаш бахшида ба рўҳи гузаштагонаш қурбонӣ кунад. Мансабдорон ҳақ доштанд 1 мяо, ашрофон-5 ва императорон-7 мяогӣ бисозанд.
Дар ибтидо дар маъбад лухтак ё ҳайкали хаёлии шахси мурдаро мегузоштанд. Аз давраи Хан сар карда дар мяоҳо лухтакеро аксар аз матои сафеди шоҳӣ дар шакли одам сохта, миёнашро мебастанд, ки он «хун-бо» ном дошт. Баъдтар ба ҷои лухтак тахтачаҳои чўбини сиёҳ-чжу истифода мегардиданд, ки навиштаҷоти иероглифии сурх доштанд. Ин тахтачаҳо аз давраи ҳукмронии сулолаи Сун (960-1260) дар мяоҳо нигоҳ дошта шуда, ба тарзи оммавӣ ин амал ҷорӣ гардид. Барои рўҳи мурдаро дар тахтача (чжу) ҷой кардан як қатор расмҳоро иҷро намудан лозим буд. Чунончи, ҳамоно баъди гўронидан котиби махсусе дар тахтача номи мурдаро менавишт. Сипас, ҳамаи аъзоёни оилаи ў ба зону зада чунин дуо мекарданд: «дар фалон солу моҳу рўз писари ятиммондаи фалонӣ ҷуръат карда ба падари худ-фалонӣ бо суханҳои зерин муроҷиат мекунад: Ҷасади туро гўронидем вале, бигзор рўҳи ту ба маъбади хонагӣ баргардад. Тахтача барои рўҳ омодааст. Бигзор рўҳи муҳтарами ту маъвои пешина (ҷисм)-ро тарк намуда, ба маъвои нави худ (мяо) дарояд ва доимо онҷо бошад».
Тахтачаҳои мазкур дар сандуқҳои махсус нигоҳ дошта шуда, ҳангоми иҷрои маросим, онҳоро аз он ҷо гирифта, дар болои миз мегузоштанд ва дар наздаш назру ниёз-хўрокию нўшокиро мегузоштанд. Ин расм ҳар сол дар вақти муайян ё ягон ҳодисаи муҳими оилавӣ-туй, марги ягон узви оила, таваллуди кўдак, сафари сардори оила ва ѓайра анҷом дода мешуд. Тибқи ақидаи фалсафию динии конфутсианӣ, қоидаи асосии ҳаёт ва такягоҳи ҳамаи сохти мавҷуда-ин ба тарзи ҷиддӣ риоя кардани русуму таомулҳо (ли) мебошад. Конфутсий мегуфт: «агар русуму таомулҳои аз қадим боқимонда риоя карда нашаванд ё ки онҳо бекор карда шаванд, ҳама чиз бо ҳам омехта гардида, бетартибию беназмӣ ҷамъиятро фаро мегиранд. Русуму таомули никоҳро бекор кунед, он гоҳ занушавҳарӣ ба маънои пуррааш нест мегардад, фисқу фуҷур ва ҷиноятҳои ба он вобаста ҳамаро фаро мегиранд. Русуми гўркунӣ ва назру ниёзро нест кунед, дар ин ҳолат фарзандон дар ҳаққи мурдаҳои падарону модаронашон ва ҳатто падарону модарони зиндаашон ѓамхорӣ нахоҳанд кард».
Яке аз омилҳои муҳиме, ки ин ойини давлатиро дастгирӣ мекард, низоми имтиҳоноти давлатӣ буд, ки дар императории Чин роҳи ягонаи гирифтани мансаби давлатӣ буд. Барои супоридани имтиҳони давлатӣ шахс мебоист мазмуни китобҳои Конфутсийро пурра азбар мекард. Яке аз қонунҳои нонавиштаи Чини кўҳан аз он иборат буд, ки император мебоист кишварро ба воситаи маъмурони маълумоти конфутсианӣ дошта идора мекард. Аз ин ҷо нақши консервативии ин дин дар ҳаёти сиёсии кишвари Чин маълум мегардад. Нақши он аз ин сабаб консервативӣ аст, ки он риояи русуму тартиботи кўҳнаро дастгирӣ менамояд.
2.Ҷараёни динию фалсафии Даосия.
ДАОСИЯ- ҳамчун ҷараёни динию фалсафӣ дар асрҳои VI-Vто мелод пайдо гардид, яъне қариб ҳамзамон бо дини конфутсианӣ. Асосгузори ин равияи динӣ донишманди файласуф Лао Цзи, ки шахсияти нимафсонавӣ аст, дониста мешавад. Асари асосии ў «Китоби Дао Дэ (Дао Дэ Цзин)» мебошад. Аз рўи маълумотҳои нимасотирӣ Лао Цзи муддате ҳамчун корманди архивҳо дар шоҳигарии Лу кор мекард. Баъд ба говмеши сиёҳе савор шуда ба сўи Ҳинд, ки дар он ҷо дини буддоӣ пайдо шуда ба Хитой гузашта истода буд, мерафтааст.
Ҳангоми баромадан аз шаҳр сардори дастаҳои муҳофизи шаҳр аз ў илтимос кардааст, ки асари худро ба ёдгор ба ў бидиҳад. Лао ду қисми китобашро, ки дар онҳо тафсири Дао (роҳ, тариқа) ва Дэ (неъмат) оварда шуда буданд, ба ў дод. Китоб дар парахаҳои бамбук навишта шуда, се аробаро пур карда, аз 5-ҳазор иероглиф иборат буд. Дар ин китоб асосҳои таълимоти ҳикматомези сарбастаи даосизми оянда баён гардида буданд.
Дар он гуфта мешуд, ки дар болои ҳамаи худоҳо ва ҳатто худои аз ҳама бузург, ки соҳиби осмон аст, як қувваи азиме бо номи Дао ҳукмронӣ мекунад. Дао асоси ҳамаи ашёҳо-ҳатто осмону замин аст. Он ягона буда, ҳамаи чиз ҳатто дунё аз он пайдо шудааст. Дао қонунҳои ҳаракати ҳаётро ба тарзи ноаён ҷорӣ мекунад ва ҳамаи корҳо гўё худ ба худ ба тарзи табиӣ иҷро мегарданд, ба воситаи қувваи Дэ. Дэ ба инкишофу иҷроиши ҳамаи корҳои хурду бузург мусоидат менамояд.
Даосия баъзе унсурҳои дини буддоиро қабул кард. Маросими расмии қабули дини даосия дар Чин дар соли 165 ҷой дошт. Дар ин сол дар сатҳи давлатӣ ба худои нав Лао-Цзи ботантана назру ниёз пешкаш карда шуд. Сипас ҷараёнҳои гуногуни даосия пайдо шуданд. Баъзеи онҳо мактабҳои сеҳру соҳирӣ, дигарашон сўфигӣ, қисми сеюм фалсафӣ, баъзеҳо мактабҳои кимиёгарӣ, усулҳои ҷангӣ ва фолбинӣ кушоданд. Аз ҳамин сабаб то имрўз ба саволи он, ки даосия чист?, ҷавоби якхела намеёбем.
Даосияҳо роҳбари бузурги худро доштанд, бо лақаби «тян-ши» (муаллими осмонӣ). Сулолаи он аз асри IIмелодӣ идома дошт. Ў оиладор ва соҳиби обрўи калон буд. Ў нафақат сардори ҳамаи роҳибони даосия буд, балки арвоҳҳо низ гўё тобеи ў буданд. Қароргоҳи ў дар кўҳҳои Аждаҳо-паланг дар музофоти Цзянси воқеъ буд. Вақте, ки дар соли 1927 лашкари сурхи хитоӣ ба он қароргоҳ даромад, тян-шии охирини 63-юм ѓайб зад. Дар охирҳои асри ХХ даосияҳо кам мондаанд. Ибодатгоҳҳои даосия нисбат ба буддоия дар Хитой камтаранд, вале шумораи роҳбарони даосия дар аввалҳои асри XX зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медод.
Қароргоҳи ҷамъияти даосия дар Чини имрўза дар шаҳри Пекин ҷой дорад. Як қатор роҳбарони ин ҷамъият аъзоёни Маҷлиси Умумихитойии намояндагони халқ мебошанд. Дар баробари он имрўз дар ҳудуди сад равияҳои даосиягӣ мавҷуданд, ки баъзеи онҳо аз ҷониби давлат хатарнок эълон гардидаанд. Имрўз дар ѓарб баъзе ҷиҳатҳои амалии даосия, ба монанди: илми парҳез, фитотерапия (табобат бо алафҳо), ҳунарҳои ҷангӣ, роҳёбӣ ба олами арвоҳ васеъ паҳн гардида, китоби асосгузори даосия бо номи «Дао Дэ Цзин» ба забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума гардидааст.