Найти в Дзене
“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео)
“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео) Чаро мақомот ба доди маъюбон намерасанд? Парвина Мусамирова сокини деҳаи Дониёрқули ҷамоати  Меҳнатободи ноҳияи Кушониён муддати ду моҳ мешавад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Кушониён, Раёсати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳо нисбати  амалҳои зиддиқонунии нозири минтақаи Ҷамоати деҳоти  Меҳнатободи ноҳияи Кушониён майор Нозимов Абдусалом пешниҳод кардааст...
6 лет назад
Раҳбарони Русия ва Фаластин дар… Душанбе дидор мекунанд
Раҳбарони Русия ва Фаластин дар… Душанбе дидор мекунанд Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Давлати Фаластин ният дорад дар моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад. Риёд ал-Маликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки дар назар аст ин мулоқот дар рӯзи 15 июн дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҳамоиши “Машварат оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё” анҷом шавад. “Дар ин ҳамоиш Владимир Путин ва раҳбари давлати мо ширкат мекунанд...
6 лет назад
“Шинед, хезед…!” Ман итоат мекунам…
Хайрият, ҳамин дастқапакҳои дохили машруткаҳоро гирифтанд. Акнун ҳар вақте ки нақлиёт меистад ва ё рафиқ ронанда аз нақша дер намонам гуфта газро зер мекунад, мо ҳамсафарони дар барамон ростистодаро оғӯш мекунему меҳру муҳаббатамон боз ҳам бештар мегардад. Баъд аз ин супориши қатъии «Автобазаҳо» мусофирони «чухтакӣ»-ро дигар савор намекунанд ва ронандагон бо даромади ночизи мусофирони “ шинанда” тоб наоварда, аз кор рафта истодаанд ва акнун роҳҳо низ тамба намешаванд. Хайр он чӣ, ки нақлиёт дар як соат як маротиба  меояду аз кору аз дарс дер мемонем, проблемаи мост...
6 лет назад
Меҳрнигор арабзабонҳоро низ тасхир кард
Ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуэти сарояндаи ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам ва сарояндаи машҳури Марокаш Redouane Diri дӯстдорони зиёди ҳунари асилро ҷалб намуд. Меҳрнигори Рустам дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи Tajikistantimes.com гуфт, ки таронаи «Терогата» моли худи ӯст, онро якҷоя бо дӯсти ҷонияш, овозхони машҳури Марокаш Redouane Diri сароидааст. Дар мавриди дӯстияш хонум Меҳрнигор чунин мегӯяд: “Дӯстии мо тавассути шабакаи Инстаграмм ба вуқуъ пайваста буд, баъдан тасмим гирифем, ки ҳарду ҳамроҳ сурудеро бадеҳа сароем...
6 лет назад
Донишҷӯёни хориҷӣ кадом донишгоҳи Тоҷикистонро бештар интихоб намуданд?
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6257 донишҷӯ аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2401 нафар зиёд мебошанд. Яке аз омилҳои афзудани шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба ақидаи коршиносон ин, пеш аз ҳама, аз беҳтар шудани муносибат бо ҳамсоякишварамон – Ӯзбекистон мебошад. Арзонтар будани арзиши шартномаи таҳсил ҷавонони ин кишвари ҳамсояро ба донишгоҳҳои ҷумҳурии мо овардааст...
6 лет назад
Если нравится — подпишитесь
Так вы не пропустите новые публикации этого канала