Найти в Дзене
“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео)
“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео) Чаро мақомот ба доди маъюбон намерасанд? Парвина Мусамирова сокини деҳаи Дониёрқули ҷамоати  Меҳнатободи ноҳияи Кушониён муддати ду моҳ мешавад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Кушониён, Раёсати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳо нисбати  амалҳои зиддиқонунии нозири минтақаи Ҷамоати деҳоти  Меҳнатободи ноҳияи Кушониён майор Нозимов Абдусалом пешниҳод кардааст...
6 лет назад
Раҳбарони Русия ва Фаластин дар… Душанбе дидор мекунанд
Раҳбарони Русия ва Фаластин дар… Душанбе дидор мекунанд Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Давлати Фаластин ният дорад дар моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад. Риёд ал-Маликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки дар назар аст ин мулоқот дар рӯзи 15 июн дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҳамоиши “Машварат оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё” анҷом шавад. “Дар ин ҳамоиш Владимир Путин ва раҳбари давлати мо ширкат мекунанд...
6 лет назад
“Шинед, хезед…!” Ман итоат мекунам…
Хайрият, ҳамин дастқапакҳои дохили машруткаҳоро гирифтанд. Акнун ҳар вақте ки нақлиёт меистад ва ё рафиқ ронанда аз нақша дер намонам гуфта газро зер мекунад, мо ҳамсафарони дар барамон ростистодаро оғӯш мекунему меҳру муҳаббатамон боз ҳам бештар мегардад. Баъд аз ин супориши қатъии «Автобазаҳо» мусофирони «чухтакӣ»-ро дигар савор намекунанд ва ронандагон бо даромади ночизи мусофирони “ шинанда” тоб наоварда, аз кор рафта истодаанд ва акнун роҳҳо низ тамба намешаванд. Хайр он чӣ, ки нақлиёт дар як соат як маротиба  меояду аз кору аз дарс дер мемонем, проблемаи мост...
6 лет назад
Меҳрнигор арабзабонҳоро низ тасхир кард
Ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуэти сарояндаи ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам ва сарояндаи машҳури Марокаш Redouane Diri дӯстдорони зиёди ҳунари асилро ҷалб намуд. Меҳрнигори Рустам дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи Tajikistantimes.com гуфт, ки таронаи «Терогата» моли худи ӯст, онро якҷоя бо дӯсти ҷонияш, овозхони машҳури Марокаш Redouane Diri сароидааст. Дар мавриди дӯстияш хонум Меҳрнигор чунин мегӯяд: “Дӯстии мо тавассути шабакаи Инстаграмм ба вуқуъ пайваста буд, баъдан тасмим гирифем, ки ҳарду ҳамроҳ сурудеро бадеҳа сароем...
6 лет назад
Донишҷӯёни хориҷӣ кадом донишгоҳи Тоҷикистонро бештар интихоб намуданд?
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6257 донишҷӯ аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2401 нафар зиёд мебошанд. Яке аз омилҳои афзудани шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба ақидаи коршиносон ин, пеш аз ҳама, аз беҳтар шудани муносибат бо ҳамсоякишварамон – Ӯзбекистон мебошад. Арзонтар будани арзиши шартномаи таҳсил ҷавонони ин кишвари ҳамсояро ба донишгоҳҳои ҷумҳурии мо овардааст...
6 лет назад
Чаро хоҳари Қобилҷони Зариф ба ҷанозаи модараш наомад? (Видео)
—Шумо чунин овозаҳоро чӣ гуна қабул мекунед? Дар бораи худатон ягон овозаи нохуш фаҳмед, асабию ғамгин мешавед? -Беҳуда нагуфтаанд, ки дарахт қоқ шуд, аз бехаш онро бурида мепартоянд, лекин дарахти мевааш пухтагия меҷунбонанд. Одам ҳам айнан чунин аст, ҳамин ки каме обрӯю нуфуз пайдо кардӣ, албатта дар ҳаққат ягон овоза мебофанд. -Рақобат дар ҷодаи санъат хеле зиёд аст...
6 лет назад
Толибон 20 сарбози афғонро куштанд
Неруҳои гурӯҳи Толибон дар наздикии марзи Афғонистон бо Покистон  ба неруҳои артиши Афғонистон ҳамла карда ва 20 сарбозро куштаанд. Мақомоти расмии Афғонистон гуфтаанд, ки ин ҳодиса рӯзи 9 апрел дар ноҳияи Шӯробаки вилояти Қандаҳор рух додааст...
6 лет назад
Раҳмонободи дуюм дар Тоҷикистон
Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ  пешниҳоди сокинонро дар мавриди ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмонобод номгузорӣ шудани деҳаи Ферегатро рӯзи 11 апрел баррасӣ хоҳанд кард...
6 лет назад
Дар Тоҷикистон танҳо 241 собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд
Дар остонаи Рӯзи Ғалаба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳру навоҳии кишвар ба сар мебаранд, эълон кард. Тибқи иттилои ин манбаъ, аз ҷумлаи 241 собиқадори ҷанг дар вилоятҳои Хатлон 86 нафар, Суғд 68 нафар, Бадахшон  2 нафар ва шаҳри Душанбе 38 нафар даврони пирӣ меронанд. Дар моҳи ҷорӣ ду нафар собиқадори ҷанг-Ҳарим Нурови 94-сола  аз шаҳри Бохтар ва Тағай Мирзоеви 93-сола аз ноҳияи Фархор аз дунё чашм пӯшиданд...
6 лет назад
Як ҳафтаи даромади ройгон ба театр
Аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019»  баргузор мегардад...
6 лет назад
Қазоқистон: 9 июн интихоботи қаблазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад
Қосим Жомарт Токаев, президенти Қазоқистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ, яъне, 9 июни соли 2019  интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Вай ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин замина бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин ва «пешвои миллат» машварат кардааст. Интизор мерафт, Токаев то моҳи апрели соли 2020 вазифаи раиси ҷумҳуриро иро карда ва интихоботи президентӣ дар Қазоқистон дар моҳи декабри соли оянда баргузор шавад. Ҳанӯз рӯшан нест, ки Қосим Жомарт Токаев дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард ё на...
6 лет назад
ВКД: Садама 5 ҳалок ва 9 захмӣ ба ҷой гузоштааст
Баъд аз пешини рӯзи 8 апрел мошини тамғаи “Урал-43202” дар ҳудуди деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  ба садама дучор шудааст. Бино ба хабари ВКД, ронанда Шарофиддини Шовалӣ ҳангоми ҳаракат ба самти теппа аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва ин воситаи нақлиётро чаппа кардааст. “Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зариф, соли таваллудаш 1950, Ҳафизов Эмомалӣ, соли таваллудаш 1958, Воҳидова Шаъмигул, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохон,...
6 лет назад