Добавить в корзинуПозвонить
Найти в Дзене
john maston

Хешовандони наздикатро тарс бидеҳ.

Паёмбар (с) муддати се сол шабу рўз ба таври пинҳонӣ мардумро ба дини Ислом даъват менамуд ва эҳсоси хастагӣ намекард. Чун ин ояти карима нозил шуд: Сухани Худо: Сураи Шуъаро, ояти 214 <<Хешовандони наздикатро битарсон.>> Паёмбар (с) зиёфате ороста бани Абдулмутталибро ҷамъ намуд. Ва ҳамаи онҳо аз он таому нўшокиҳои омодакардаи Паёмбар (с) ба андозаи кофӣ истифода карданд ва аз он чизе кам нашуд. Расули Худо (с) ба онҳо гуфт: Эй бани Абдулмуталлиб ман ба таври хусусӣ дар миёни шумо ва ба таври умумӣ барои мардум аз ҷониби Худованд фиристода шудаам. Баъд аз он ояти мазкурро қироат намуда гуфт: Пас кадоме аз шумо бо ман байъат мекунад, ки бародар ва ҳамнишини ман бошад?! Ҳеҷ кас ҷавоб намедод ва сукуту оромӣ маҷлисро фаро гирифта буд. Лекин овози писарбачаи хурдсоле баланд шуд ва оромии маҷлисро халалдор сохта гуфт: Ман… Ин ҷавон Алӣ ибни Абўтолиб (р) буд, ки аз миёни нишастагон гузашта паҳлўи Расули Худо истод ва дубора такрор кард: Ман бародар ва ҳамнишини шумо мебошам. Чеҳраи

Паёмбар (с) муддати се сол шабу рўз ба таври пинҳонӣ мардумро ба дини Ислом даъват менамуд ва эҳсоси хастагӣ намекард. Чун ин ояти карима нозил шуд: Сухани Худо: Сураи Шуъаро, ояти 214

<<Хешовандони наздикатро битарсон.>>

Паёмбар (с) зиёфате ороста бани Абдулмутталибро ҷамъ намуд. Ва ҳамаи онҳо аз он таому нўшокиҳои омодакардаи Паёмбар (с) ба андозаи кофӣ истифода карданд ва аз он чизе кам нашуд.

Расули Худо (с) ба онҳо гуфт: Эй бани Абдулмуталлиб ман ба таври хусусӣ дар миёни шумо ва ба таври умумӣ барои мардум аз ҷониби Худованд фиристода шудаам. Баъд аз он ояти мазкурро қироат намуда гуфт: Пас кадоме аз шумо бо ман байъат мекунад, ки бародар ва ҳамнишини ман бошад?!

Ҳеҷ кас ҷавоб намедод ва сукуту оромӣ маҷлисро фаро гирифта буд. Лекин овози писарбачаи хурдсоле баланд шуд ва оромии маҷлисро халалдор сохта гуфт:

Ман…

Ин ҷавон Алӣ ибни Абўтолиб (р) буд, ки аз миёни нишастагон гузашта паҳлўи Расули Худо истод ва дубора такрор кард: Ман бародар ва ҳамнишини шумо мебошам.

Чеҳраи Паёмбар (с) кушода шуда ба ў гуфт: Биншин. Алӣ (р) ба ҷояш нишаст ва Паёмбар (с) бори дуввум суханашро такрор кард. Ҳеҷ кас ба ҷуз Алӣ (р), ки дар паҳлўи Паёмбар (с) буд аз ҷои худ барнахост.

Ў гуфт: Ман бародар ва ҳамнишини шумо мебошам.

Паёмбар (с) ба ў гуфт: Биншин.

Паёмбар (с) бори саввум суханашро такрор кард.

Дар ин маротиба низ Алӣ (р) аз ҷой бархоста гуфт: Ман бародар ва ҳамнишини шумо мебошам.

Паёмбар (с) табассумкунон ба қафаси синаи Алӣ (р) зад. Ин нишонаи ризомандии Паёмбар (с) аз Алӣ (р) буд.