Ворид шудан ба Русия
Пеш аз сафар ба Русия барои кор, фахмидани ин муҳим аст, ки оё метавонед сарҳади Русияро убур кунед (қаблан манъ ё депортатсия набуд). Агар шумо дар рӯйхати сиёҳи Вазорати корҳои дохилӣ бошед, ба шумо ворид шудан ба Русия манъ аст ва шуморо аз фурудгоҳ намебароранд. Агар ба шумо ворид шудан манъ бошад, харидани билет маънӣ надорад. Муҳим аст, ки манъи ворид шудан дар тӯли 5-10 сол бардошта мешавад. Аввалин чизе, ки бояд дар ҳангоми убур аз сарҳад анҷом дод, гирифтани варақаи муҳоҷират ва пур кардани он ба таври дуруст мебошад...