Найти в Дзене
Аз макри шаётин сиру асрор нагиред, Бар дину бар оини башар кор магиред Бар ҷомаи носуфтаи садранг маболед Бар сурату бар сирати кас кор магиред. Афсус, ки муллое зи худ Маҳди тарошад Бар халқи Худо зулми ситамбор магиред. Аз баҳри ду сикка табиби мумсики бадмаст Худро анбиёи Рабби Ҷаббор магиред. Сад вой,ки бар мурдадилон гашт сухан ҳайф Ҷуз зоти Раббулоламин афкор магиред. Оед!Шумоед ба паси парда чароед, Ҳар гавҳари фарсуда зи бозор магиред. Рафт Булҳакаму монд зи худ ҷаҳли ду олам. Бар халқи Худо кинаву кирдор магиред. Паймон Исмоилов ( Бобо Ҳайдар Исмоили ) t.me/Paymonismail paymon100@gmail.com Вишхарвак
1 год назад
Ҳаст зиндагии хос касерову сареро, Ҷоне зи азал омада ҳар як нафареро. Хоҳ рузе ва ё моҳ ва ё солеву сад сол, Берун шавад мисле зи оташ шарареро. Сарчашмаи умри одами хос Худо аст Набувад ба ихтиёр ҳеҷ як башареро. Чун умр ба ту омада аз ҷониби он ёр Ӯрост рисолат ба қазову қадареро. Гар сарф ба некиву ба нармиву ба мардист, Дар номаи аъмол физояд самареро. Сад бор зи бадгӯй ва тӯҳматгару нокас Бошад амали нек ҳар он гову хареро. Покиза шавад ҷисму бадан қалбу тану рӯҳ, Гар сила куни пушти сари мушти пареро. Паймон Исмоилов ( Бобои Ҳайдар Исмоили ) Вишхарвак
1 год назад
Бузургон ба худ насозанд нигоҳ, На аз зӯри бозу на аз ҷойгоҳ. Ки инсони худбин худогоҳ нест, Худобину аслан Худохоҳ нест. Наояд ба даст бар гумон ҳеч мақом, Ба орзу намудан ва ё хулқи хом. Чу инсон, ки бадхулқу саркаш бувад, Бадандешу тундхӯ чу оташ бувад. Яқин рӯзе сар бар замин афканад Миёну сару гарданаш бишканад. Мабош мутакаббир ва ё хешхоҳ Такаббур кашонад ба хоки сиёҳ. Агар хоҳӣ ҷоҳу ҷалолу ҳавас Набингар ба чашми ҳақорат ба кас. Ба дунё бувад беҳтарин унвон Басо хулқи хуш то абад ҷовидон. Бувад ҷойгоҳат мақоми баланд Маханд бар касоне, ки пойинтаранд. Бидидем ашхоси воломақом Бирафтанд берун зи ҷойгоҳашон, Ва ҳамчун бидидем ки афтодагон Фаромоя гаштанду бо ҷоҳу ом. Шуниди, ки шахсе ба ном Барсисо, Ки буд аҳли тақво ва ҳам порсо. Шабу рӯзи ӯ буд ба зуҳду дуо, Нахуспиди ҷуз ному зикри Худо. Валекин ба охир намондаш нишон Бикард саҷда шайтону рафт аз ҷаҳон. Яке даври Каъба ба имдоду роз, Дигар дар харобот масту фароз. Агар ҳоҷи сад даври маъбад занад Худованд нахоҳад дураш афканад. Валекин дари тавбаи додрас, Набуд баста бар рӯи ҳар фарди маст. Чу Бобо зи дори фано бигзари, Ба ҷуз сири қалбат чиҳо мебари Ҷаҳони башар пур каму костист, Фиребаш зиёду камаш ростист. Бобо Ҳайдар Исмоили #paymanismail payman.tj Паймон Исмоилов. Бобои Ҳайдар
1 год назад