Ташобуҳ ва тафовути Раҳмонов бо Толибон
Таҳдиди намояндаи Толибон, ки «дар 24 соат ба Тоҷикистон тасаллут хоҳем ёфт» ҳамон чизе аст ки Раҳмонов бисёр мехост онро Толибон ба ҳамин забону бо ҳамин баён эълон кунанд. Ва, Раҳмонов ҳам бори дигар рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овараду бигӯяд:-SOS! SOS! SOS! Ӯ рӯбарӯ бо таҳдиди тундравҳои ифротӣ қарор дорад. Ӯро ҳарчи бештар мусаллаҳ бисозанд! Аммо, шумо ҳар чизе хоҳед бигӯед, вале боварам бар ин аст ки ҷангу даргирӣ дар Панҷшер бар манфиати Раҳмонов аст. Ҳар қадар, ки масъалаи муқовимат дар Панҷшер ба дарозо бикашад, тарафе, ки беш аз ҳар тарафи дигар манфиат мебинад ин Раҳмонов аст...