Найти в Дзене
Хар як дар фикри хеш хастем
Чавоне бемор гашту дар беморхона бистари гашт. Духтурон ба волидайнаш гуфтанд, ки умри ин фарзандатонро моҳе боқист ё камтар. Уро ба хонаатон бубареду то рузи маргаш нигоҳубин намоед. Ночор волидайн уро ба хона бурданд. Руз ба руз аҳволи он ҷавон бадтар шудан мегирифт. Волидону наздикон боз духтурро даъват намуданд то уро доруҳои дард гумкунанда намояд. Духтур сузандору гузарониду боз ҳам гуфт, ки аҳволи у вазнин аст. Мумкин якчанд рузе аз умраш боқи бошад. Оҳу нолаи сахте аз синаи волидону зану фарзанду наздиконаш атрофро фаро гирифт...
4 года назад
Хандакхои оташин (Киссаи Куръони)
Дар замонҳои гузашта подшоҳи золиму мутакаббире ҷодугари хосе доштааст, ки аз ў дар баъзе корҳо ёри мехост. Рўзе ҷодугар барои подшоҳ гуфт: -Эй подшоҳ ман воқеъан пир шудаам, пас бароям баччаеро бифирист, ки ба ў сеҳру ҷодугариро таълим бидиҳам, то дар оянда аз вай истифода бари. Подшоҳ барои сеҳргар писари зираке равон кард, ки ҳар рўз назди ҷодугар мерафт, то аз ў сеҳрро биёмузад. Дар ҳамон роҳе, ки писарак ҳар рўз аз он гузашта назди афсунгар мерафт, як марди парҳезгоре буд, ки ҳамвора Худоро ибодат мекард...
4 года назад
Молик ибни Динор ва дузд
Шабе дузд аз болои девори хонаи Молик ибни Динор баромада, ба осонӣ тавонист дохили он шавад. Вале дар дохили хона дузд ноумед шуд, ки чизе барои дуздӣ надидид. Молик ибни Динор дар намоз машғул буд. Ӯ фаҳмид, ки танҳо нест, зуд намозашро тамом кард ва рӯ ба дузд кард. Ҳеҷ нишонае аз зарба ва тарс надошта, Молик оромона саломи осоишта расонд ва гуфт: «Бародарам, Худованд туро бибахшояд. Шумо ба хонаи ман даромадед ва чизи арзишманде наёфтед, аммо ман намехоҳам, ки шумо ягон фоида нагирифта аз инчо равед...
4 года назад
Як катра ашке дар рохи Аллох
Хангоми як сафаре бо бародаре зиёд хамнишин гаштам. Боре у бехтарин накле кард аз як хешаш, ки тавба карда ба «рохи Хак» баргаштааст. Рости ин одам як замоне бою бадавлат будаасту замоне ки пулу мол уро маст карда будааст ёде аз хешу табор кам мекардааст. Аммо у бемор мешаваду пас аз 3-4 мохи муолича ба у хабар медиханд ки ба саратони чигар беморед. Ин мард аз шунидани ин хабари шум сахт андухгин мешавад ва зиёди вакт гиря мекард. Дустам мегуяд ки мо хам чун шунидем ки у бемор аст бо хамрохии падар ба аёдати у рафтем...
4 года назад
Киссаи талхи зиндаги!
Ман як модари ҷигархунам ва қиссае, ки мехоҳам бароятон бигӯям аз тақдири талхи ману марги бемаҳали духтари ноболиғам аст. Шояд ин қисса барои дигарон ибратомӯз бошад. Шояд баъзеҳо ин қиссаро хонда андеша кунанд, ки ҷангҳо, рӯзҳои сахту сангин, қаҳтиву гуруснагиҳо мегузаранд, вале доғҳо дар дил боқӣ мемонанд ва азизони гумкарда дигар пайдо намешаванд. Аввали солҳои асри гузашта буд. Мо мардуми деҳоти кӯҳистони шарқ, хусусан, хонаводаҳои серфарзанд ҷуворимаккаро орд карда мехӯрдем, ки баъдан ҳамон ҳам ёфт намешуд...
4 года назад
Киссаи фариштагони оси!
Ибни Ҳаҷари Ҳайтами дар китоби худ «Фатово аль-Ҳадисия» аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз у рози бошад) ин қиссаро ривоят мекунад ки: - Замоне, ки Худованд дараҷаи Идрис (А.с)-ро боло бардошту ба у иҷозаи ворид шудан ба ҷаннат дод баъзе фариштагон ҳайрон монданд ва пурсиданд: -Ё Аллоҳ! У аз миёни инсонийяте аст, ки гуноҳ мекунанд. Чаро у дар миёни мост? Аллоҳи Мутаъол ба фариштагон фармуд: - Он чи ки Ман ба одами додам –гар ба шумо низ диҳам шумо низ чун онҳо хоҳед шуд! Чаро шумо онҳоро маҳкум мекунед? Фариштагон...
4 года назад
Хар чи ояд бар сари фарзанди одам бигзарад!
Марди чупоне вакти нисфирузи писарашро гузошта барои хуроки нисфирузи хост ба деҳа равад. У бо такя ба асояш аз болои талу теппа парон парон суи деҳа равон гашт. Ин замон чашми у ба марде расид ки аҳволаш ба у аҷиб намуд: -Он мард мошини гаронбаҳояшро ба суи тепа ба роҳҳое ки мошин ба он рафта наметавонист ронду боздошт ва назди санги бузурге фаромада нишаст. Сипас у бо овози баланд ба гиря даромад. Овози у торафт баланд мешуду паст не. Пас чупон ба суи у рафт ва чун наздаш расид даст ба китфи...
4 года назад