Ҳикоят аз "Гулистон" -и С. Шерозӣ.
Ду бародар яке хидмати султон кардӣ ва дигаре бо зӯри бозу нон хӯрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки " Чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ"? Гуфт: -Ту чаро кор накунӣ то аз мазаллати хизмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: " Нони худ хурдану нишастан беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан". Ба даст оҳани тафта кардан хамир, Беҳ аз даст бар сина пеши амир...