1 подписчик
Ҳаст зиндагии хос касерову сареро,
Ҷоне зи азал омада ҳар як нафареро.
Хоҳ рузе ва ё моҳ ва ё солеву сад сол,
Берун шавад мисле зи оташ шарареро.
Сарчашмаи умри одами хос Худо аст
Набувад ба ихтиёр ҳеҷ як башареро.
Чун умр ба ту омада аз ҷониби он ёр
Ӯрост рисолат ба қазову қадареро.
Гар сарф ба некиву ба нармиву ба мардист,
Дар номаи аъмол физояд самареро.
Сад бор зи бадгӯй ва тӯҳматгару нокас
Бошад амали нек ҳар он гову хареро.
Покиза шавад ҷисму бадан қалбу тану рӯҳ,
Гар сила куни пушти сари мушти пареро.
Паймон Исмоилов ( Бобои Ҳайдар Исмоили )
Вишхарвак
Около минуты
4 сентября 2023