1 подписчик
Бузургон ба худ насозанд нигоҳ,
На аз зӯри бозу на аз ҷойгоҳ.
Ки инсони худбин худогоҳ нест,
Худобину аслан Худохоҳ нест.
Наояд ба даст бар гумон ҳеч мақом,
Ба орзу намудан ва ё хулқи хом.
Чу инсон, ки бадхулқу саркаш бувад,
Бадандешу тундхӯ чу оташ бувад.
Яқин рӯзе сар бар замин афканад
Миёну сару гарданаш бишканад.
Мабош мутакаббир ва ё хешхоҳ
Такаббур кашонад ба хоки сиёҳ.
Агар хоҳӣ ҷоҳу ҷалолу ҳавас
Набингар ба чашми ҳақорат ба кас.
Ба дунё бувад беҳтарин унвон
Басо хулқи хуш то абад ҷовидон.
Бувад ҷойгоҳат мақоми баланд
Маханд бар касоне, ки пойинтаранд.
Бидидем ашхоси воломақом
Бирафтанд берун зи ҷойгоҳашон,
Ва ҳамчун бидидем ки афтодагон
Фаромоя гаштанду бо ҷоҳу ом.
Шуниди, ки шахсе ба ном Барсисо,
Ки буд аҳли тақво ва ҳам порсо.
Шабу рӯзи ӯ буд ба зуҳду дуо,
Нахуспиди ҷуз ному зикри Худо.
Валекин ба охир намондаш нишон
Бикард саҷда шайтону рафт аз ҷаҳон.
Яке даври Каъба ба имдоду роз,
Дигар дар харобот масту фароз.
Агар ҳоҷи сад даври маъбад занад
Худованд нахоҳад дураш афканад.
Валекин дари тавбаи додрас,
Набуд баста бар рӯи ҳар фарди маст.
Чу Бобо зи дори фано бигзари,
Ба ҷуз сири қалбат чиҳо мебари
Ҷаҳони башар пур каму костист,
Фиребаш зиёду камаш ростист.
Бобо Ҳайдар Исмоили
#paymanismail payman.tj
Паймон Исмоилов. Бобои Ҳайдар
1 минута
3 сентября 2023