Ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашикан дар Парки технологии шаҳри Хоруғ 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ҶДММ Неъматҳои Помир ва обҳои табиии ташнашикани ҶДММ Нарзани Помирро ифтитоҳ намуданд. Коргоҳи технологии Неъматҳои Помир, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб истеҳсол мекунад, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, иқтидори истеҳсолии он то 3 тонна маҳсулоти гӯштӣ дар як шабонарӯз мебошад. Дар коргоҳ зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва шароити мусоиди корӣ таъмин гардидааст. Навъҳои гуногуни ҳасиб ва маҳсулоти гӯштии ин корхона тибқи стандартҳои байналмилалӣ таҳия шуда, ба бозори дохилӣ ва дар оянда ба содирот равона мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳоро барои рушди саноати хӯрокворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи з
Ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашикан дар Парки технологии шаҳри Хоруғ
11 июля 202511 июл 2025
1 мин