Ин ширкатро чандест истифода мекунам. Моҳи июли соли 2023 бошад, дар яке аз нуқтаҳои хизматрасониҳои Dushanbe City корти дигар гирифтам. Корт вақте фаъол шуд, аслан ба номи дигар нафар сабт шудааст. Вақте ба фурӯшанда ин ҳолатро расонидам, гуфт, ки иштибоҳан ҳангоми ирсоли маълумот барои бақайдгирӣ, рақами шумо бо шиносномаи дигар кас рафтааст. Барои ин ба филиали бонк муроҷиат кунед.
Ман ҳам дигар чандон аз пасаш нашудам, вале ба наздикӣ бинам, ҳатто рақами #кашелёк ҳам ба ҳамон номи дигар кас гузаштааст. Охирҳои моҳи гузашта ба филиали #бонк дар шаҳри #Хуҷанд рафта, масъаларо фаҳмонидам.
Дар нигоҳи аввал #масъул ончунон вазъияти корро #шарҳ дод, ки гӯё ман аз ӯ #ситора пурсида бошам. Баъд, аз ман талаб кард, ки #маълумотнома оид ба рақами телефони худро биёрам. Ман ҳам нусхаи #шиноснома ва маълумотномаро оварда, #пешниҳод кардам.
Фикр мекунам, ки ҳамин 2 #ҳуҷҷат бозкушои ин #масъала бояд мебуд, вале нигоҳ мекардам, боз чизеро ҳал карда натавониста истодаанд. Он масъул зани дигареро пеши худ хонд ва мушкилро ироа кард. Вай "#кордон" аввал аз ман бо оҳанге #муносибат кард, ки гӯё ман #махсус бо номи дигар кас барномаву кортро истифода намудаам. Аз ман пурсид, ки охирон амалиётҳои анҷомдодаатонро бигӯед. Ростӣ, он замон дастрасӣ ба барномаро надоштам ва ба ӯ танҳо як амалиёти охирро гуфта, пешниҳод кардам, ки беҳтараш аз компютери худ бубинанд. Аммо ӯ #розӣ ва #қонеъ нашуд.
Ин амалкард маро асабӣ кард ва ба онҳо фаҳмонидам, ки (1) иштибоҳро шумо кардед, (2) ман ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод кардам ва (3) шумо тасаввур кунед, ки ман бемории фаромӯшхотирӣ дораму ҳеҷ #амалиёт дар ёдам нест.
Ҳамин тавр, аризаро аз ман қабул карданд, вале ишора кард, ки чанд нафар ҳам инҷо бо ҳамин мушкил омадаанду #кафолат нест, ки мушкилатон ҳал мешавад ё не. Ман гуфтам, ки ин тавр бошад, бо ҳамин нусхаи шиносномаву маълумотнома аризаи #қатъ кардани #идентификатсия ва кортҳои бонкии #Душанбе Ситиро бигиред. Гуфт барои ин ҳам ҷавоби аризаро то 5 рӯз интизор мешавед. Баъд гуфтам, ки оё ҷавобашонро ба мо #занг зада мегӯед ё #СМС мефиристед? Гуфт не. Барномаро бубинед, шояд ягон тағйирот мешавад. Ё боз ба ҳамин ҷо меоеду мефаҳмед.
Инак, 12 рӯзи тақвимию 8 рӯзи корӣ гузашт. Касе намегӯяд, ки ту кӣ будӣ? #Онлайн муроҷиат кардем. Баъди чанде ба мо ҷавоб доданд, ки ба #филиал рафта бошед, маълумоти онҳо ба мо #дастрас нест. Ба қавле онҷо территорияи онҳо набудааст.
Хулоса, ростӣ ман ин бонкро хуб медонам ва ҳоло дар тамоми кӯчаву #пасткӯча нуқтаи худро доранд. Бисёриҳо низ аз хизматрасониҳои онҳо истифода мекунанд, ки кори #бад нест. Вале, муҳимтар аз ҳама боварии муштариёнро ба даст овардану мушкили онҳоро ба #осонӣ ва хубу #зуд ҳал кардан ҳунар аст. Бо ҷарангости баланди қуттии холӣ кор пеш намеравад, зеро, инҷо ҷамъият аст.
Кунун замонест, ки #мардум асосан ба сифати хизматрасониҳо аҳамият медиҳанд, зеро "сари зулфи ту нашуд, сари зулфи дигаре..." мегӯянд. Шахсан ман, асосан аз хизматрасониҳои дигар бонк истифода мекунам, ки тавонистааст боварии маро ба даст орад ва ҳатто аз шаҳре ба шаҳре меравам, то аз он бонк истифода намоям.
#душанбесити #dushanbecity