Найти тему

ПОЗАҲОИ ХОБ, ҶИҲАТҲОИ МУСБӢ ВА МАНФӢ

Оглавление

Designed by macrovector / Freepik
Designed by macrovector / Freepik

Кайҳо исбот шудааст, ки сифати хоб ба ҳолати умумии инсон таъсири калон мерасонад. Ҳар як шахс мавқеи бароҳати хоби дӯстдошта дорад-ин мавқеъест, ки дар он истироҳат бароҳат ва шинос аст. Гарчанде ки ҳангоми хоб кори шуш ва фаъолияти дил суст мешавад, ҳама мушакҳо истироҳат мекунанд ва шуур хомӯш мешавад, аммо бадан ба ҳар ҳол кор мекунад... Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки мавқеи дӯстдошта барои саломатӣ фоиданок низ бошад.

Пас аз меҳнати хуби ҷисмонӣ (махсусан дар ҳавои тоза) одамони хасташуда одатан бо пушт хобида, дар хоби худ хеле кам мавқеашонро иваз мекунанд. Пас аз фаъолияти мӯътадили ҷисмонӣ, одам одатан ҳангоми хоб мавқеи баданашро иваз мекунад. Бештари шабҳо одам бо позаи муайяне мехобад, ки барои ӯ бароҳат аст.

Аксар вақт, позаи хоб як одат аст, аммо баъзан хусусиятҳои саломатӣ талаботи дигар доранд. Ҳангоми интихоби позаи дурусти хоб, ба мавқеи гардан диққат додан муҳим аст. Ҷараёни хун ба майна аз ин вобаста аст. Болишти мувофиқи ортопедӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати хоб мусоидат кунад. Олимон қайд мекунанд, ки аксар вақт одамон бо позаи шикам, паҳлӯ ё пушт хоб мекунанд.

Хоб бо шикам

Бисёриҳо ин позаро барои хоб рафтан бароҳаттарин меҳисобанд, аммо ин фоиданок нест. Ягона бартарии позаи шикам дар он аст, ки он ҳолати нороҳатиро дар узвҳои ҳозима сабук мекунад.

Табибон ба одамон тавсия медиҳанд, ки умуман бо ин поза хоб накунанд ё ин корро ҳарчи камтар кунанд. Ҳангоми хоб дар шикам, одам сарашро ба тарафи чап ё рост мегардонад, то бе душворӣ нафас кашад. Дар қафаси сина фишори зиёд ба вуҷуд меояд, ки метавонад боиси мушкилот шавад ва ба саломатӣ зарар расонад. Дарди сар пайдо мешавад. Ҳангоми хоб бо шикам, ба шуш фишор меояд, ки дар натиҷа ҳангоми нафаскашӣ он пурра кушода намешавад. Ба хун камтар оксиген ворид мешавад ва дил, ба ҷои истироҳат кардан, зиёдтар кор мекунад.

Ҳатто косметологҳо тавсия намедиҳанд, ки одамон бо шикам хоб кунанд ва дар бораи эҳтимолияти варами аз ҳад зиёди рӯй дар субҳ ва хатари пайдоиши моршинаҳо огоҳ мекунанд.

Ҷиҳатҳои мусбӣ:

  • дар ин мавқеъ ҳолат ҳангоми варамкунии/калоншавии шикам беҳтар мешавад. Одатан кӯдакони хурдсолро ба шикам мегузоранд. Аксар вақт чунин мавқеъро онҳое интихоб мекунанд, ки мушкилоти ҳазмкунӣ доранд.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

  • дар ин ҳолат дарди сутунмӯҳраи гардан метавонад ба амал ояд, зеро он дар ҳолати ғайритабиӣ қарор мегирад; таъминоти хун ба мағзи сар аз сабаби фишор додани яке аз артерияҳои сутунмӯҳра бад мешавад, ки дар натиҷа таъминоти хун ба мағзи сар вайрон мешавад;
  • қисми гардани сутунмӯҳра дар ҳолати ғайритабиӣ қарор мегирад ки дар он сутунмӯҳраҳо дароз ва танг мешаванд, ин метавонад ба фишурдашавии нерв оварда расонад, илова бар ин, пас аз хоб аксар вақт дардҳо дар минтақаи гардан пайдо мешаванд;
  • бадтарин поза барои рӯй: гардиши хун дар минтақаии рӯй бадтар мешавад, аксар вақт чинҳои пӯст пайдо мешаванд, ки боиси пайдоиши моршинаҳо мегардад.

Бо паҳлӯ хобидан

Ин позаи беҳтарин барои занони ҳомиладор дар ҳама давраи ҳомиладорӣ аст. Ин позаро аз рӯи табиати худ аксар вақт позаи «эмбрион» меноманд.

Ҳама табибони соҳибихтисос дар бораи манфиатҳои ин поза, ки барои бисёриҳо қулай аст, сӯҳбат мекунанд. Хусусан дар паҳлӯ хобидан барои одамони гирифтори мушкилоти сутунмӯҳра тавсия дода мешавад. Албатта, дар ин ҳолат, матрас нақши муҳим дорад, ки бояд каҷҳои табиии сутунмӯҳраро ҳангоми истироҳат таъмин кунад. Маълум аст, ки позаи «эмбрион» барои паст кардани хуррак (храп), инчунин нороҳатӣ аз зардаҷӯшӣ (аз ҷумла дар занони ҳомиладор) ва нороҳатии ҳозима кӯмак мекунад.

Олимон тавсия медиҳанд, ки беҳтар аст, ки бо паҳлӯи чапи худ одамон хоб кунанд ва инро бо ҷойгиршавии хоси узвҳои дохилии инсон шарҳ медиҳанд. Зеро, мавқеи хоб бо паҳлӯи чап гардиши беҳтари хун, ҳазмшавии хӯрок ва камшавии зардаҷӯширо таъмин мекунад.

Аммо, дар хотир доштан муҳим аст, ки одамони гирифтори гипертония набояд бо паҳлӯи чап хоб кунанд, то ба дил фишори зиёдатӣ нарасонанд. Одамоне, ки бо паҳлӯ хобидаанд, баъзан аз дарди гардан шикоят мекунанд. Ғайр аз он, дар ин ҳолат пӯсти рӯй бо болишт хеле дароз тамос мегирад, бинобар ин бо мурури замон моршинаҳо ба амал меоянд (хусусан дар тарафи рӯй, ки кас бо он тараф хоб карданро одат кардааст).

Ҷиҳатҳои мусбӣ:

  • фишорро ба пушт кам мекунад ва ба кам шудани дард ҳангоми зардаҷӯшӣ мусоидат мекунад;
  • дар чунин поза роҳҳои нафас кушода мешаванд ва ин поза барои онҳое, ки дар хоб хуррак мекашанд, беҳтарин аст;
  • дар мавқеи паҳлӯӣ дар матраси босифат сутунмӯҳра ором шуда, мавқеъ ва контури табиӣ мегирад.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

  • дар чунин поза карахтшавии дастҳо ва пойҳо ба назар мерасанд;
  • ба сутунмӯҳраи минтақаи гардан таъсири манфӣ мерасонад;
  • хоб бо паҳлӯи чап барои онҳое, ки мушкилоти дил ва бемории гипертония доранд, зарар мерасонад.

Хоб бо пушт

Ин поза на танҳо хеле бароҳат, балки барои саломатӣ низ хеле мусоид аст. Ин махсусан ба одамони гирифтори сколиоз, гипертония, осеби пушт дахл дорад. Вақте ки кас дар пушт хоб мекунад, ба дил фишори баробар ва комилан қобили қабул меояд, мушакҳо метавонанд ба таври муқаррарӣ истироҳат кунанд. Дар натиҷа, шиддат бартараф карда мешавад. Косметологҳо хоб дар пуштро тавсия медиҳанд, зеро пӯсти рӯй ҳамвор ва аз моршинаҳо тоза мешавад. Кас дар субҳ ҳушёр ва ором ба назар мерасад.

Гарчанде ки хоб дар пушт дурусттарин ҳисобида мешавад, дар ин ҳолат низ истисноҳо мавҷуданд. Ин мавқеъ ба онҳое, ки аз хуррак ва апноэи хоб азият мекашанд, тавсия дода намешавад.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

  • мушакҳои рӯй истироҳат мекунанд, пӯст ҳамвор мешавад, гардиши оптималии хун бо ҷараёни озоди оксиген ба ҳуҷайраҳои пӯст ва хориҷкунии токсинҳо таъмин карда мешавад;
  • хоб дар пушт пайдошавии моршинаҳоро бартараф мекунад ва солимӣ ва тозагии пӯстро таъмин мекунад;
  • дар ин мавқеъ меъда ва дигар узвҳои шикам фишурда намешаванд. Дар пушт хобидан ба танзими кислотаи меъда мусоидат мекунад, ки махсусан барои онҳое, ки аз ихтилоли ғадуди зери меъда ранҷ мекашанд, муҳим аст. Поза барои пешгирии остеохондроз беҳтарин аст.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

  • дар тахтапушт хобидан аломатҳои хуррак, апноэ дар хоб ва бруксизмро (қаҷидани дандон) бадтар мекунад;
  • олимон ба хулосае омаданд, ки ҷавононе, ки хобиданашон душвор асту, дар пушт хоб мекунанд, чун қоида, ба қадри кифоя қувват намегиранд, истироҳати онҳоро пурра номидан мумкин нест.

Интихоби позаи дурусти хоб, албатта, хеле муҳим аст. Агар шахс мехоҳад, ӯ метавонад худро ба позае одат кунонад, ки ба саломатии ӯ таъсири судманд мерасонад. Аммо, ба ғайр аз мавқеи бароҳат ва муфид, барои истироҳати мувофиқ, муҳим аст, ки матраси бароҳат ва ба қадри кофӣ сахт бо болишти паст ва мулоим, инчунин фазои васеъ, ором ва хуб вентилятсияшуда барои хоб таъмин карда шавад.