Фишори баланди хун ин ҳолатест, ки бо афзоиши фишори хун ба деворҳои рагҳо ба амал меояд. Он бо ду рақам ифода карда мешавад. Тонометр ду қимати ададиро нишон медиҳад, ки яке аз дигараш каме баландтар аст. Масалан, 110/70 ё 120/80. Ин ададҳо, SYS (систола, қимати якум) ва DIA (диастола, қимати дуюм) дар бораи кори мушакҳои дил дар давраҳои гуногун маълумот медиҳанд. Якум (систоликӣ) фишорро дар давраи кашишхӯрии дил, дуюм (диастолӣ) дар давраи сустшавии он нишон медиҳад. Нишондиҳандаи муқаррарии одами миёнсол 120/80 миллиметр сутунчаи симобӣ мебошад. Оиди мушкилот сухан гуфта мешавад, агар пас аз се ченкунии назоратӣ фишори хун аз 130/90 зиёд бошад. Зиёд шудани ин нишондод барои гирифтани маслиҳат ва гузаштан аз муоинаи ҳамаҷониба сабаб мешавад. Дар занони ҳомила ва наврасон каме баландшавии фишори хун мушоҳида шуданаш мумкин аст, ин аз он вобаста аст, ки сатҳи гормоналӣ дар ин ҳолат ноустувор аст.
Дар одами солим фишори хун хангоми хоб паст шуда, дар вақти фаъолияти ҷисмонӣ баланд мешавад. Меъёрҳои он тадриҷан бо синну сол тағйир меёбанд. Нишондиҳандаҳои мувофиқ дар наврасӣ 110/70, дар калонсолон - 120/80, дар пиронсолон - на бештар аз 140/90 аст. Агар фишор аз 140/90 воҳид зиёд бошад, онро гипертония ё гипертензия меноманд. Тибқи маълумоти гуногун, аз 25 то 40% аҳолии калонсол аз фишори баланди хун азият мекашанд. Дар одамони аз 65-сола боло ин рақам ба 60% мерасад.
Муайян кардани саривақтии сабабҳои ин ҳолат имкон медиҳад, ки табобати оптималӣ интихоб карда шуда, мушкилот пешгирӣ ва сифати ҳаёт беҳтар карда шавад.
Фишори баландро ба ду категория тақсим мекунанд: гипертонияи музмин (эссенсиалӣ) ва симптоматикӣ. Гипертонияи эссенсиалӣ, ин раванди музмин (хронический процесс) аст, ки бо фишори доимии баланди хун тавсиф мешавад. Гипертонияи симптоматикӣ аломати дигар бемориҳои бадани инсон аст.
Сабабҳо
Сабабҳои асосии баландшавии фишори хун:
- вайрон шудани саломатии (тонуси) рагҳо;
- мавҷудияти бемориҳои гурда;
- ихтилоли гормоналӣ;
- истеъмоли баъзе намуди доруҳо;
- ғизои нодуруст;
- мушкилоти сутунмӯҳра.
Сабабҳои фишори баланди хун дар гипертонияи эссенсиалӣ (музмин)
Сабаби дақиқи инкишофи гипертонияи музминро номбар кардан душвор аст. Инкишофи беморӣ аз сабаби вайроншавии механизмҳои танзими фишори хун, ки бо сабабҳои гуногун ба вуҷуд меоянд, ба амал меояд. Мисоли нуқсонҳои функсионалӣ фаъолияти сусти гурдаҳо шуда метавонанд, ки боиси нигоҳ дошта шудани натрий дар бадан мегардад. Дар бадан моеъ бештар ҷамъ мешавад ва гурдаҳо ба баландшавии тасодуфии фишори хун ҳангомис сарборӣ ва стресс ҷавоб намедиҳанд.
Афзоиши фаъолияти системаи асаб метавонад ба вайроншавии фишори хун оварда расонад. Тағйирёбии ҳассосияти он метавонад аз ҷиҳати генетикӣ ё омилҳои муҳити зист – стресс, хастагии музмин ё дард вобаста бошад. Бо зиёд шудани фаъолияти системаи марказии асаб, фишори дил меафзояд.
Сабаби фишори баланд метавонад вайроншавии гардиши хун дар бофтаҳо – илтиҳоб аз сабаби мушкилоти метаболизм, норасоии эпителиалӣ бошад.
Дар одамони калонсол фишори хун бо синну сол зиёд мешавад. Дар наврасон ва ҷавонон, беморӣ метавонад аз омилҳои муҳити зист, тарзи зиндагӣ ё ирсият ба вуҷуд ояд. Эҳтимолияти ирсӣ будани баландфишории музмин 30%-ро ташкил медиҳад. Аксар вақт одамон дар кишварҳои пешрафта, ки дар офисҳо кор мекунанд, аз гипертония азият мекашанд. Аз ин рӯ, агар нишонаҳои гипертония вуҷуд дошта бошанд, шумо бояд пеш аз ҳама тарзи ҳаёти худро (фаъолият, ғизо, одатҳо) танзим кунед. Омилҳои хавф барои гипертонияи эссенсиалӣ инҳоянд:
- зиёд будани кислотаҳои равған дар менюи ғизо, аз ҷумла холестирин;
- тарзи ҳаёти нишаста ва вазни зиёдатии бадан;
- тамокукашӣ ва машрубот;
- фишори музмини ҷисмонӣ ё психоэмоционалӣ, норасоии хоб, кори аз ҳад зиёд.
Зиёдатии холестирин дар деворҳои рагҳои хун ҷой мегирад, ки гузариши онҳоро танг мекунад ва ба ҷараёни хун халал мерасонад. Сохтори рагҳо низ аз сабаби намаки зиёд тағйир меёбад. Истифодаи аз ҳад зиёди он рагҳои хунро ноустувор ва чандирии онҳоро вайрон мекунад.
Хавфи пайдоиши гипертонияи артериалӣ бо вазни зиёдатӣ 2-6 маротиба меафзояд.
Сабабҳои гипертонияи дуюмдараҷаи артериалӣ (гипертонияи симптоматикӣ)
Гипертонияи дуюмдараҷа дар сурати мавҷуд будани бемориҳои дигар ба вуҷуд меояд, бинобар ин сабаби онро муайян кардан мумкин аст. Фарқияти гипертонияи дуюмдараҷа аз гипертонияи ибтидоӣ ин набудани афзоиши мунтазами нишонаҳо, аз асабонияти сабук то бӯҳрони гипертония мебошад. Гипертонияи дуюмдараҷа бештар дар ҷавонон мушоҳида мешавад.
Панҷ категорияи асосӣ мавҷуданд, ки сабабҳои гипертонияи дуюмдараҷаро ба онҳо тақсим мекунанд:
- гурдавӣ;
- эндокринӣ;
- нейрогенӣ;
- дилу рагҳо;
- доруворӣ.
Дар ҳолати аввал, гузариши як е якчанд артерияҳои гурда халалдор мешавад, тавассути тангии хун гардиш кардан душвор аст, фишор меафзояд. Баландшавии фишори хун бо бемории поликистикии гурда, кистаи калони гурда, инчунин нефрит ва нефропатияҳо рух медиҳад.
Дар намуди эндокринӣ баландшавии фишор метавонад аз сабаби бемориҳои болои гурда, омос, вайроншавии кори қабати болои гурда, афзоиши истеҳсоли гормонҳо ба амал ояд. Истеҳсоли нокифоя ё аз ҳад зиеди гормонҳои сипаршакл низ метавонад боиси гипертония гардад.
Ба категорияи нейрогенӣ афзоиши фишори дохили сар бинобар омос, ҷароҳат, инсульт дохил мешавад. Сабаби баланд шудани фишори хун метавонад астмаи бронхиалӣ, пневмосклероз ё эмфиземаи шуш, бемориҳое бошад, ки ба нигоҳ доштани карбонкислота мусоидат мекунанд.
Мушкилоти системаи дилу рагҳо, ба монанди норасоии клапани аорта низ сабаби гипертонияи дуюмдараҷаи артериалӣ мебошанд. Нишона дар атеросклероз низ зоҳир мешавад.
Фишори баланди хун натиҷаи таъсири манфии баъзе доруҳо шуда метавонад. Инҳо контрасептивҳои дорои эстроген, баъзе антидепрессантҳо, амфетаминҳо ва дигар доруҳо мебошанд, ки барои табобати ҳолатҳои ҳаяҷон ва ҳамлаҳои ваҳм истифода мешаванд.
Фишори баланди хун метавонад бисёр патологияҳои системаи дилу рагҳо, эндокринӣ ва роҳи нафасро ҳамроҳӣ кунад. Рӯйхати бемориҳо гуногун аст:
- анемия (камхунӣ);
- атеросклероз;
- дистонияи вегетативӣ;
- гипертиреоз;
- инфаркти миокард;
- нуқсони дил;
- саратони ғадудҳои болои гурда.
Бе дахолати мутахассисон, гипертонияи ибтидоӣ тадриҷан афзоиш меёбад ва ба пайдоиши мушкилот оварда мерасонад: норасоии дил, инфаркт ва инсульт. Гиперторияи дуюмдараҷа нишонаи тағйироти муҳим дар бадани бемор аст. Аз ин рӯ, ташхис ва табобати саривақтӣ муҳим аст. Ба таъхир андохтани ташрифи духтур барои саломатӣ хатарнок аст.
Аломатҳои фишори баланди хун
Дар аксари одамон беморӣ нишонаҳо намедиҳад, аз ин рӯ номи дуюми он: қотили хомӯш ё ноаён аст. Аломатҳои аввал вақте пайдо мешаванд, ки бадан мустақилона ба чунин сарборӣ тоб наоварад ва дар рагҳо тағйироти муҳим ба амал ояд. Аломатҳои аввал инҳоянд:
- баландшавии изтироб;
- арақкунӣ ва сурхшавии рӯй;
- тангии нафас ва чарх задани сар;
- дард ва эҳсоси фишор дар сар;
- дарди қафаси сина дар минтақаи дил;
- паст шудани тезии чашм;
- садоҳо ё занг дар гӯшҳо;
- бехобӣ, афзоиши асабоният;
- зуд хасташавӣ;
- пайдошавии варамиҳо;
- вайрон шудани ритми дил;
- бемадорӣ;
- дилбеҳузурӣ.
Ҳолатҳое, ки баландшавии фишори хун меъёр ҳисобида мешавад
Фишори баланд ҳатман нишонаи беморӣ нест. Афзоиши кӯтоҳмуддати он бо сабабҳои физиологӣ низ имконпазир аст:
Кӯдакӣ ва наврасӣ. Дар кӯдакон системаи дилу раг нисбат ба мушакҳо сусттар инкишоф меёбад ва дар наврасӣ дар организм тағйироти гормоналӣ мушоҳида мешавад. Он бо тағирёбии бесабаби рӯҳия тавсиф карда мешавад, ки боиси болоравии фишори хун мегардад. Дар вақти истироҳат, нишондиҳандаҳои наврас метавонанд нисбат ба фаъолияти ҷисмонӣ баландтар бошанд.
Фаъолияти ҷисмонӣ. Давидан, вазнбардорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти ҷисмонӣ талаботи оксигени гурӯҳҳои мушакҳои ҷалбшударо зиёд мекунанд. Ин эҳтиёҷот аз ҳисоби зиёд шудани басомад ва пурзӯр шудани кашишҳои дил, бо ҷараёни шадиди хун таъмин карда мешавад. Аз сабаби фаъолияти маҷбурии системаи дилу рагҳо, фишори хун метавонад ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ ва пас аз он баланд шавад.
Стресс. Ҳолатҳое, ки дар онҳо шахс хашм ё тарсро аз сар мегузаронад, боиси ба хун баровардани адреналин мегардад. Натиҷа тахикардия ва фишори баланди хун аст.
Одатан, дар ҳар се ҳолат, фишор ба муддати кӯтоҳ баланд мешавад. Ин боиси нигаронӣ нест, балки барои назорат кардан барои пешгирии рушди гипертония аст.
Омилҳои хафв барои рушди гипертония
Ғизои носолим. Хӯрдани зуд-зуд ва истеъмоли аз ҳад зиёди хӯрокҳои дорои холестирин ба зиёд шудани хатари инкишофи атеросклероз, танг шудани гузариши (люмени) рагҳои хун, фарбеҳӣ ва зиёд шудани фишори дил оварда мерасонад. Натиҷаи ин бемориҳо фишори баланди хун мегардад. Сабабҳои гипертония инчунин хӯрокҳои шӯр, чойи қавӣ ва қаҳва шуда метавонанд (як пиёла ин нӯшокӣ фишорро ба муддати кӯтоҳ 10-15 воҳид зиёд мекунад).
Одатҳои бад. Нӯшокиҳои спиртӣ фишори хунро зиёд мекунанд, аз ин рӯ истеъмоли мунтазами машрубот боиси рушди гипертония мегардад. Аз сабаби танг шудани рефлекторӣ ва спазми рагҳои хун, танҳо як сигор фишори хунро ба муддати 10-20 адад зиёд карда метавонад.
Ирсият. Имконияти инкишофи гипертония дар одамоне, ки яке аз волидонашон таърихи ин беморӣ дорад, нисбат ба онҳое, ки мероси хуби дилу раг доранд, баландтар аст.
Мушкилиҳо
Афзоиши доимии фишор барои рушди мушкилиҳои марбут ба осеби узвҳо ва бофтаҳо хатарнок аст. Ҳамаи онҳо дар тӯли якчанд сол тадриҷан инкишоф меёбанд. Дар марҳилаҳои аввал, агар фишор зери назорат гирифта шавад, тағиротҳо бо истифодаи мунтазами доруҳои гипертония баргардонида мешаванд. Бе табобат, гипертонияи пешрафта ба мушкилоти ҷиддӣ оварда мерасонад. Деворҳои артерияҳо зарар мебинанд, онҳо чандирии худро гум мекунанд, ғафс мешаванд, осеб мебинанд, дар онҳо тағйироти атеросклеротикии шадид ошкор карда мешаванд. Хусусан рагҳои дил, майна, гурда, дасту пойҳо ва чашм зарар мебинанд. Атеросклерози рагҳои миокард боиси рушд ва пешрафти бемории ишемии дил мегардад. Дар заминаи гипертония хатари пайдоиши сактаи дил – марги қисми миокард аз сабаби вайроншавии гардиши хун дар рагҳо баландтар аст.
Фишори баланди диастоликии дарозмуддат ба рушди сактаи дил ё инсулт оварда расонида метавонад.
Фишори баланди болоӣ бо мурури замон аввал ба гипертрофия ва сипас ба фарсудашавии миокард, ташаккули норасоии дил оварда мерасонад. Девори аорта аз сабаби осеби доимии фишори хун сахт мешавад. Инчунин вайроншавии гемодинамикии узвҳои дохилӣ дар натиҷаи тақсимоти нокифояи хун дар рагҳо мушоҳида мешавад.
Ин намуди гипертония бештар дар занон ба қайд гирифта мешавад. Он бо дарди сар, нороҳатӣ дар дил, хастагӣ, вайроншавии хотира, садо дар гӯшҳо, коҳиши биниш зоҳир мешавад.
Мушкилоти дигар низ имконпазир аст:
- зарар ба системаи марказии асаб – хатари инсулт зиёд аст (фалокати шадиди рагҳои мағзи сар аз лахтаи хун ), вайроншавии музмини гардиши хун дар рагҳои мағзи сар бо рушди энцефалопатия ба амал меояд.
- Ихтилоли визуалӣ, то нобиноии комил, ки аз сабаби вайроншавии ғизодиҳии ретиналӣ ва асаби оптикӣ ба вуҷуд меоянд.
- Бемориҳо: захмҳои ишемии гурда дар ниҳоят норасоии музмини гурдаро ба вуҷуд меоранд.
- Синдроми метаболикӣ маҷмӯи гипертония бо липидҳои баланди хун, вазни зиёдатӣ ва баландии қанд дар хун мебошад. Ин ба рушди инсулт ва сактаи дил таҳдид мекунад.
Табобати фишори баланди хун
Мақсади асосии терапияи фишори баланд паст кардани нишондиҳандаҳои он ба сатҳи муқаррарӣ ва ислоҳи максималии омилҳои хавф (мубориза бо тамокукашӣ, машрубот, аз даст додани вазни зиедатӣ, иҷрои машқҳои ҷисмонӣ) ва инчунин суст кардани зарар ба узвҳои дигар мебошад.
Бо назардошти маълумоти анамнестикӣ ва объективӣ дар гипертония доруҳои гуногун таъин карда мешаванд.
Ҷанбаи муҳими табобати фишори баланди хун парҳези мутавозин аст, ки дар он шумо бояд истеъмоли намакро маҳдуд кунед, бештар сабзавот, чормағз, меваҳо, равғанҳои растании солим (зайтун, каду) бихӯред. Агар имконпазир бошад, гӯшти сурхро бо моҳӣ иваз кунед. Миқдори маҳсулоти ширии аз калсий бойро дар парҳези худ кам кунед.
Пешгирӣ
Ҳамоҳангии кори дил ва рагҳои хунгард пайванди асосии саломатии тамоми бадан аст. Бо ёрии чораҳои пешгирикунанда, шумо метавонед ҳамоҳангии онҳоро нигоҳ доред, ки ин ба шумо имкон медиҳад, ки гипертонияро пешгирӣ кунед. Ба онҳо дохил мешаванд:
- тарзи ҳаёти андозагирифташуда бо фаъолияти дурусти ҷисмонӣ;
- кам кардани вазн ба сатҳи муқаррарӣ;
- ғизои солим ва мутавозин;
- даст кашидан аз тамокукашӣ ва машрубот;
- риояи реҷаи хоб;
- пешгирӣ кардани стресс;
- тарзи ҳаёти фаъолро пеш бурдан;
- маҳдуд кардани истеъмоли намак, қаҳва, чойи қавӣ, равғанӣ, бирён, шоколад ва нӯшокиҳои дорои қанди баланд.