Найти в Дзене
Formula55

Formula55: "Дастгирии варзишгарон ҳадафи асосии мост"

Ширкати «Formula55» давоми ду моҳи охир барои рушду инкишоф ва тақвияти варзиш дар кишвар як қатор лоиҳаҳои худро амалӣ гардонидааст. Аз ҷумла, моҳи феврал ва аввали моҳи март дар намудҳои варзиши тенниси рӯйи миз ва волейбол миёни мардону занон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ карда шуд. Беҳтарин теннисбозон аз пойтахти кишвар, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар он ширкат варзиданд, ки баъд аз се рӯзи рақобатҳо беҳтаринҳо бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол дар маҷмуъ 18 дастаро аз тамоми манотиқи кишвар ба ҳам овард. Бахусус рақобати ниҳоӣ миёни дастаҳои мардона байни Мактаби варзишии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҷолибу шавқовар ва дар ҳузури мухлисони сершумор сурат гирифт. Дар ин миён бо ташаббуси ширкати миллии букмекерии Формула55 ду чорабинии дигар, бастани қарордодҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон, инчунин клуби футболи “Хуҷанд”-и

Ширкати «Formula55» давоми ду моҳи охир барои рушду инкишоф ва тақвияти варзиш дар кишвар як қатор лоиҳаҳои худро амалӣ гардонидааст. Аз ҷумла, моҳи феврал ва аввали моҳи март дар намудҳои варзиши тенниси рӯйи миз ва волейбол миёни мардону занон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ карда шуд.

-2
Мусобиқаҳои мазкур таҳти унвони «Formula55CUP» дар шаҳри Душанбе бо ҷалби варзишгарони зиёд сурат гирифтанд.
Мусобиқаҳои мазкур таҳти унвони «Formula55CUP» дар шаҳри Душанбе бо ҷалби варзишгарони зиёд сурат гирифтанд.

Беҳтарин теннисбозон аз пойтахти кишвар, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар он ширкат варзиданд, ки баъд аз се рӯзи рақобатҳо беҳтаринҳо бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол дар маҷмуъ 18 дастаро аз тамоми манотиқи кишвар ба ҳам овард. Бахусус рақобати ниҳоӣ миёни дастаҳои мардона байни Мактаби варзишии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҷолибу шавқовар ва дар ҳузури мухлисони сершумор сурат гирифт.

-4
-5
-6

Дар ин миён бо ташаббуси ширкати миллии букмекерии Формула55 ду чорабинии дигар, бастани қарордодҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон, инчунин клуби футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифтанд.

-7
Бояд гуфтд, ки минбаъд «Formula55» сарпарасти расмии бошгоҳи Лигаи олӣ - “Хуҷанд” гардид. Ин иқдом бо мақсади рақобатпазирии дастаҳои Лигаи олии мамлакат ва расонидани кӯмак барои ҷалби бозингарони соҳибистеъдод дар мавсими нави футболи кишвар амалӣ карда шуд.
Бояд гуфтд, ки минбаъд «Formula55» сарпарасти расмии бошгоҳи Лигаи олӣ - “Хуҷанд” гардид. Ин иқдом бо мақсади рақобатпазирии дастаҳои Лигаи олии мамлакат ва расонидани кӯмак барои ҷалби бозингарони соҳибистеъдод дар мавсими нави футболи кишвар амалӣ карда шуд.

Дар ин миён Ширкати мазкур бо бастани як созишномаи ҳамкорӣ сарпарастии Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистонро низ ба уҳда гирифт. Акнун бо дастгирии «Formula55» дастпарварони Федератсия метавонанд ба мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ беҳтару хубтар омода шаванд.

-9

Лоиҳаи дигари ширкат ин “Орзуи нек” аст, ки хушбахтона ин барнома низ дар соли 2023 дастгирӣ меёбад.

Ширкати милии букмекерии "Formula55" толори Мактаби варзишии шаҳри Левакантро аз таъмири куллӣ бароварда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷҷаҳаз гардонид.

⠀Бояд гуфт, ки иншооти мазкур дар кӯчаи Борбад 10-и шаҳри Левакант воқеъ буда, ба таъмири асосӣ ниёз дошт ва "Formula55" тасмим гирифт, ки барои рушду инкишофи варзиши шаҳр саҳми худро гузорад.

-10
-11
Ин аввалин таъмири мактаби варзишӣ дар вилояти Хатлон набуда, дар доираи “Орзуи нек” як қатор толорҳои дигари варзишӣ низ азнавсозӣ карда шуданд.
Ин аввалин таъмири мактаби варзишӣ дар вилояти Хатлон набуда, дар доираи “Орзуи нек” як қатор толорҳои дигари варзишӣ низ азнавсозӣ карда шуданд.

“Орзуи нек” барои амалӣ гаштани орзуи дӯстдорони варзиш роҳандозӣ мешавад ва дар давоми сол таъмиру азнавсозии боз як қатор иншооти дигар низ дар назар аст.

"Formula55" дар оянда ҳадафҳои дигар низ дорад, ки он барои рушду пешрафти варзиши миллӣ, дастгирии варзишгарони ватанӣ, ҳамкориҳои судманд бо Федератсияҳои миллӣ, таъмири толорҳои варзишӣ равона шудаанд. Барномаи дигари "Formula55" “Тоҷикистон ба пеш” мебошад, ки он низ чун солҳои гузашта роҳандозӣ мешаванд ва онҳое, ки муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ мегарданд, ҳатман тавассути ин лоиҳа дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд.

"Formula55" мо варзишро рушд медиҳем...