"Formula55 CUP" беҳтарин гӯштингирони Тоҷикистонро ба ҳам овард!
Дар Душанбе дуюмин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод барои дарёфти Ҷоми “Formula55” баргузор гардид. Қабл аз оғози рақобатҳо маросими ифтитоҳи мусобиқаи “Formula55 CUP” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ширкат, намояндагони Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарон иштирок ва суханронӣ карданд. Ширкати миллии букмекерии “Formula55” соли дуюм аст, ки барои гӯштингрони тарзи озоди кишвар мусобиқа ташкил мекунад. Имсол дар чемпионати мазкур наздики 100 варзишгар аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат намуданд...