Найти в Дзене

Ҳикоят.

Рӯзе Зоғе дар парвоз буд. Кабкеро дид, ки дар рӯи замин мехиромад ва бо он рафтору хиромидани зебо дили наззорагӣ сайд мекард. Зоғро хиромидани кабк хуш омад ва орзуи рафтани ӯ дар замири дилаш ҷой гирифт. Пас ба хидмати Кабк камар баста, тарки хобу хӯрд гирифта, дар паи он такупӯй пайваста, аз паси Кабк медавид ва тамошои ҷилваҳои ӯ мекард. Рӯзе кабк гуфт: -Эй девдидори тирарухсор, мебинамат, ки ҳамвора гирди ман мегардӣ, мақсуди ту чист? Зоғ гуфт: -Эй зебохӯи хандонрӯй бидон, ки маро хоҳиши рафтори ту дар сар афтодааст, ки аз паси ту мегардам, ки он рафторро омузам ва пеши ҳамсарони худ фахр кунам. Кабк қаҳ-қаҳа зад ва гуфт: Ҳайҳот - ҳайҳот, оё ту куҷову мо куҷоем. Роҳи ман дар вазъи дигар аст ва равиши ту дар вазъи дигар. Аз ин хаёл бигзар ва ин андешаро аз даст бидор. Зоғ ҷавоб дод: - ман ки ба коре азм кардаам, ба афсуну афсона тарк нахоҳам кард. Бечора Зоғ муддате дар ақиби Кабк бидавид ва рафтани ӯ наомухта рафтори худ низ фаромуш кард. ( А

Рӯзе Зоғе дар парвоз буд. Кабкеро дид, ки дар рӯи замин мехиромад ва бо он рафтору хиромидани зебо дили наззорагӣ сайд мекард.

Зоғро хиромидани кабк хуш омад ва орзуи рафтани ӯ дар замири дилаш ҷой гирифт. Пас ба хидмати Кабк камар баста, тарки хобу хӯрд гирифта, дар паи он такупӯй пайваста, аз паси Кабк медавид ва тамошои ҷилваҳои ӯ мекард.

Рӯзе кабк гуфт:

-Эй девдидори тирарухсор, мебинамат, ки ҳамвора гирди ман мегардӣ, мақсуди ту чист?

Зоғ гуфт:

-Эй зебохӯи хандонрӯй бидон, ки маро хоҳиши рафтори ту дар сар афтодааст, ки аз паси ту мегардам, ки он рафторро омузам ва пеши ҳамсарони худ фахр кунам.

Кабк қаҳ-қаҳа зад ва гуфт:

Ҳайҳот - ҳайҳот, оё ту куҷову мо куҷоем. Роҳи ман дар вазъи дигар аст ва равиши ту дар вазъи дигар.

Аз ин хаёл бигзар ва ин андешаро аз даст бидор.

Зоғ ҷавоб дод:

- ман ки ба коре азм кардаам, ба афсуну афсона тарк нахоҳам кард.

Бечора Зоғ муддате дар ақиби Кабк бидавид ва рафтани ӯ наомухта рафтори худ низ фаромуш кард.

( Аз "Калила ва Димна").