Добавить в корзинуПозвонить
Найти в Дзене
ЯК КИССА

Хар як дар фикри хеш хастем

Чавоне бемор гашту дар беморхона бистари гашт. Духтурон ба волидайнаш гуфтанд, ки умри ин фарзандатонро моҳе боқист ё камтар. Уро ба хонаатон бубареду то рузи маргаш нигоҳубин намоед. Ночор волидайн уро ба хона бурданд. Руз ба руз аҳволи он ҷавон бадтар шудан мегирифт. Волидону наздикон боз духтурро даъват намуданд то уро доруҳои дард гумкунанда намояд. Духтур сузандору гузарониду боз ҳам гуфт, ки аҳволи у вазнин аст. Мумкин якчанд рузе аз умраш боқи бошад. Оҳу нолаи сахте аз синаи волидону зану фарзанду наздиконаш атрофро фаро гирифт. Чун ин овоз ба гуши ҷавон расид дарк кард, ки инак марг наздик аст. У волидайну наздиконашро наздаш даъват кард. Сипас хоҳиш кард то уро нишонанд. Чун уро нишонданд ба суи падар нигаристу ашкҳои чашмони уро дида аз у пурсид: - Барои чи мегирйи падар? Сабаби ин гиряву фиғони кардаат чист? Ба ман росташро бигу! -Ҷони падар! Ман аз он мегирям, ки туро аз даст медиҳаму танҳо мемонам!- ҷавоб гуфт падар. Сипас ҷавон ба суи модар нигаристу аз у пурсид: - Эй

Чавоне бемор гашту дар беморхона бистари гашт. Духтурон ба волидайнаш гуфтанд, ки умри ин фарзандатонро моҳе боқист ё камтар. Уро ба хонаатон бубареду то рузи маргаш нигоҳубин намоед. Ночор волидайн уро ба хона бурданд.

Руз ба руз аҳволи он ҷавон бадтар шудан мегирифт. Волидону наздикон боз духтурро даъват намуданд то уро доруҳои дард гумкунанда намояд. Духтур сузандору гузарониду боз ҳам гуфт, ки аҳволи у вазнин аст. Мумкин якчанд рузе аз умраш боқи бошад.

Оҳу нолаи сахте аз синаи волидону зану фарзанду наздиконаш атрофро фаро гирифт. Чун ин овоз ба гуши ҷавон расид дарк кард, ки инак марг наздик аст. У волидайну наздиконашро наздаш даъват кард. Сипас хоҳиш кард то уро нишонанд.

Чун уро нишонданд ба суи падар нигаристу ашкҳои чашмони уро дида аз у пурсид:

- Барои чи мегирйи падар? Сабаби ин гиряву фиғони кардаат чист? Ба ман росташро бигу!

-Ҷони падар! Ман аз он мегирям, ки туро аз даст медиҳаму танҳо мемонам!- ҷавоб гуфт падар.

Сипас ҷавон ба суи модар нигаристу аз у пурсид:

- Эй модари ман! Барои чи гиря мекуни? Чист сабаби гиряиву нолаи ту?

-Ай ҷигарбандам! Ман аз ғами он мегирям, ки фироқи туро натавонам таҳаммул кард. Ғам кам кам маро аз дохил нобуд месозад. – ҷавоб гуфт модар.

Ҷавон ба занаш нигаристу аз у низ пурсид:

- Чи туро гирён кардаст эй ҳамсари ман?

- Ман аз он сабаб мегирям, ки аз ин пас он ҳама некиҳову меҳру муҳаббати ту бароям намерасад. Чун туро ёд кунам, наёбамат дар дунё!- ҷавоб гуфт ҳамсараш.

Ҷавон ба суи фарзандони худ ки хурдсол буданд нигаристу аз онҳо пурсид:

- Чаро шумо ашк мерезед эй фарзандони ман?

- Аз он сабаб, ки мо ятим хоҳем монд. Пас аз марги ту мо бепадар хоҳем монд!Ин бароямон душвор хоҳад буд.- ҷавоб гуфтанд фарзандон.

Чун аз ҳама наздикон ҷавони бемор ҷавоб гирифт худ сар поин карду бо овози баланд бигрист. Волидайну наздиконро аз чунин гиряи ҷавон дилҳо реш реш гашту уро ором карданд ва аз у пурсиданд:

- Сабаби ин гиряву фиғони ту дар чист?

Ҷавон ҳар якеро назар андохту ҷавоб гуфт:

- Дидед? Ҳар яки шумо дар ғами худатон ҳастед, ки аҳволатон чи мешавад пас аз марги ман! Ҳамин тавр не? Аммо оё нафаре аз шумо ғами онро мехуред, ки ман чи тавр бо дасти холи назди Холиқи худ сафар хоҳам кард? Аҳволи ман чи мешавад?

-Эй волидайнам! Магар шумо намегуфтед, ки аввал бихонам, кори хуб ёбам? Ҳама роҳҳои зиндагиро бароям нақшакаши карда будед! Ҳама роҳҳоро -ғайри рохи «наҷот»-ро!

Шумо будед, ки мегуфтед ҳоло фурсат барои тоъату ъибодат меёби. Пас куҷо шуд он гуфтаҳои шумо? Оё назди Холиқам дипломи донишгоҳу ҷоҳу мансаби имруза доштаам кор меояд?

Магар намешуд маро насиҳат мекардед ки:

- Писарам ҳам ъилми дуняви бихон ва ҳам ъилми Исломи. Ҳам ин дунёатро обод намо ва ҳам аз обод намудани «охирати худ» фаромуш накун!

- Ай ҳамсари ман!Оё аз он ҳама молу матоъ ва мошину пулҳои доштаам ман бо худ дар ин сафар бурда метавонам ё хайр? Албатта наметавонам! Ту ҳам шояд як муддат ғам хури ва рузе маро фаромуш сози. Аммо дар паи гирд овардани ин молу пул ман аз ҷамъоварии «тушаи охират» фаромуш карда будам – чаро ту маро боре ёдрас накарди?

-Эй фарзандони ман? Аз барои шумо шуда ман шабу руз кор мекардам то аз чизе кам набошед. Аммо ин лаҳза шумо дар фикри онед, ки пас аз ман аҳволатон чи мешуда бошад. ҳазорон ятимонро Худованд ризку рузи медиҳад-шумо ҳам гуруснаву ташна нахоҳед монд!

Сипас у ба волидайну наздикон мурочиат намуд:

- Акнун ҳама дидед, ки на молу пул ва на мансаб имрузу ин соат барои ман ки сафари Охират дорам кор наояд. Пас воооой бар ҳоли ман, ки имруз аз тоъату ъибодат ва хайру саховат барои фоидаи худ тушае надорам ва назди Холиқам шояд шармандаву расво хоҳам гашт. Ин аҳволи маро бубинеду ъибрат бигиред!

Аз ҳамаи шумо илтимосе дорам! Маро гузоред то он соатҳое, ки бароям боқист аз Худованд бахшиши гуноҳҳо талабам. Каме ҳам бошад ъибодат кунам, ашки ҳасрат бирезам. Имрузу соат китоби Қурьоне ҳеҷ не бо ҳарфҳои кирили ба дастам бидиҳед то каломи Холиқамро бихонам.

Ин аҳволи ман барои ҳар яки шумо ъибрат хоҳад буд!Имруз марг маро думболагир аст- фардо яке паси дигар шуморо ҳам думболагир хоҳад шуд! Тайёр шавед ва чун ман дасти холи сафар накунед. Ҳар рузу соатро ғанимат шуморед- чун ман ҳам гумон доштам ъумри дарозе мебинаму дар пири руй ба тоъату ъибодат меорам.

Чун солҳо хондам, кор кардам, пулу мол ғундоштам- аммо имрузу соат бо ду дасти холи ин дунёра тарк хоҳам кард. Аз он ъамале, ки «рузи ҷазо» фоида медидам дури ҷустаму танҳо дунёи худ обод кардам. Дунёву пулу моле, ки роҳати онро надида сафар хоҳам кард!

Волидайн хатои бузурги кардаи худро дарк намуда ашки пушаймони мерехтанд. Онҳо як хеши наздикашонро, ки донишҷуи донишгоҳи Исломи буд даъват намуданд то он соатҳои мондаро фарзандашонро каме бошад ҳам ъилми Илоҳи омузад ва чи гуна тавбаву истиғфор намояд фаҳмонад.

Ҳамин тавр 11 рузи пеш аз марг ҷавони бемор хобро барояш ҳаром карда ҳам мегирист ва ҳам намоз мехонд ва тавбаву истиғфор мекард. У бо маслиҳати хеши донишҷуаш ҳамсояҳову хешони муҳтоҷеашро ба наздаш хонда аз пулу моли доштааш бо дастони худ ба онҳо хайр мекард.

Он ҷавони беморро МалакулМавт руҳашро дар вақти намоз хондан дар ҳолати саҷда қабз намуд!