Хангоми як сафаре бо бародаре зиёд хамнишин гаштам. Боре у бехтарин накле кард аз як хешаш, ки тавба карда ба «рохи Хак» баргаштааст. Рости ин одам як замоне бою бадавлат будаасту замоне ки пулу мол уро маст карда будааст ёде аз хешу табор кам мекардааст. Аммо у бемор мешаваду пас аз 3-4 мохи муолича ба у хабар медиханд ки ба саратони чигар беморед.
Ин мард аз шунидани ин хабари шум сахт андухгин мешавад ва зиёди вакт гиря мекард. Дустам мегуяд ки мо хам чун шунидем ки у бемор аст бо хамрохии падар ба аёдати у рафтем. Падари ман бо ин мард амакбачча буданд. Бемор аз падарам илтимос кард то уро ба кабристон барад ва кабри падару модар ва бобояшонро зиёрат кунанд.
Дар асл ин одам фаромуш сохта буд, ки кабри хешону наздиконаш дар кучои кабристонанд. Чун ба кабристон наздик меомадем ин бемор сахт ба гиря даромад ва беист мегирист. Падарам уро огуш гирифта буду аз зери китфаш дошта ба кабристон даромадем. Чун назди кабри падару модари бемор расидем гиряи у дучанд шуд. Харчанд мо мекушидем то у нагиряд, аммо ин бехуда буд.
Чун дуъову фотиха кардем ором гирифтем як даме хомуш истодем-аммо дубора боз гиряи бемор хомуширо бархам зад. Падарам уро ором мекард ва мегуфт ки ба у гиряи зиёд зарар дорад. У каме ором гирифт ва ба падарам руй оварду гуфт:
- Ако! Ман инак 10 руз аст ки мегирям ва рузхоро хисоб мекунам. Маро гуфтанд ки зиёди зиёд 6-7 мохи дигар умрам бокист. Аммо ман аз тарси марг мегиряму -зиёдтар аз он мегирям ки ин кадар гуноххое ки кардам, аз тоъату ъибодат дур будам- фардо ахволам чи мешуда бошад? Ман гумон доштам ба пири расам он гох тавба карда руй ба тоъату ъибодат меорам. Охир аз пулу мол маст шуда хама гуноххоро кардаам- аммо ёди марг, ёди рузи киёмат накардаам.
- Худованд Мехрубон аст. Хамин ба гунохат икрор хасти тавба кун бародарчон! Холо хам фурсат дори ту.- чавоб гуфт падарам.
- Охир ман як ду сол пеш нийят кардам ба намозу руза руй орам-аммо он дустоне ки бо ман хамнишин буданд мегуфтанд ки бо ин кадар гунох ба гумон аст Худо туро бубахшад. Бехтараш кайфу сафои ин дунёро кардан гиру бепарво бош!- боз гуфт бемор.
Ман сухбати онхоро гуш мекардам ва аз падар ичозат пурсида ба амакам хадисеро мисол овардам: -Амакчон Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
- «Гар шумо гунох намекардед- пас Аллох албатта чунин мардумонеро халк мекард то гунох кунанд ва тавба кунанд. Ва У онхоро мебахшид!» Муслим 2747.
- Амакчон! Худованд мехохад хама бандагон ба Чаннат дохил шаванд ва тавбаро фармудааст- аммо Шайтони Лаъин мехохад бандагон бо у ба Чаханнам дароянд ва хеч гох тавба накунанд. Пас ин дустонатон вазифаи Шайтонро ичро кардаанд- ва илло надониста ин хел сухан намегуфтанд.Ба ин ҳадиҳои Қудси бингаред, ки Худованди Мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:
-«Эй фарзанди одам рости ҳар қадаре дуъо карди ва умед намуда талаби мағфират карди аз Ман ҳамаи гуноҳонатро омурзидан ба ман мушкиле нест».
-«Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту аз бузурги ба осмон бирасанд ва аз ман талаби мағфират намуди туро афв хоҳам кард».
Амаки бемор ба суи ман хайрон хайрон нигаристу гуиё ки бовар надошта бошад чидди пурсид:
- Чиян! Ту чи гуфтании? Хамин 4-5 мохе ки ман умр дорам оё тавба кунам, намоз хонам, руза гирам Худованд мара мебахшад? Ту чи аз муллохора зиёд медони? Ман даххо чураи мулло дорам-аммо онхо ин суханои гуфтаи тура намегуфтанд ку? Охир ман ба он муллохо он кадар пул медодам чаро онхо ин суханони туро намегуфтанд?
-Амак! Ман ба шумо аз муллохо не-аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додам ки чи мефармоянд барои умматон! Хадиси Кудси-ин хабар аз чониби Худованд аст бар бандагонаш. Мо Мусалмонон бояд кабул кунем ин хадисхоро-ва илло чи тавр худро уммати Расулаллох мехисобем ки фармудахояшро кабул надорем!?- боз чавоб гуфтам ман.
-Амак барои тавба кардан ва тоъату ъибодат кардан ба шумо дер нашудааст. Чун шумо бо хушу ёду акл хастед. Худованди Мутаъол мо ва шуморо ба сўи тавбаи насуҳ даъват намуда мефармояд:
-«Эй муъминон ба сўи Аллоҳ тавбаи холис кунед»(сураи Таҳрим: ояи 8 ).
Мо сухбаткунон аз кабристон берун шудем ва ба суи хонаи як хохари амаки бемор ки дар он наздикихо буд равона шудем. Тамоми рох бемор саволхое медод ва мо бо падарам онхоро чавоб мегуфтем ба кадри медонистагиамон.
Дар рох ман тарчумаи Курьонро аз мошин гирифта ба амак ояхои 53-54-и сураи «Зумар»-ро мисол овардам ки Худованд мефармояд:
- Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед(гунох кардаед),
аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад.
Ҳаройна, ӯст омурзандаву меҳрубон!
-Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба
Парвардигоратон рӯй оваред ва ба ӯ таслим шавед(тавба кунед).
- Амак! Худованд дар ин ояхо ба бандагон мефармояд ки то замоне ки чон дар тан доред, акл дар сар доред тавба кунед ва руй ба суи Ман оред- Хеч гох ноумед нашавед-чун ноумеди сифати Шайтонист! Ки хак дорад ин фармудахоро инкор кунад? Хар гунохе ки аз бандаги кардаед аз сидки дил тавбаи «насух» кунед ин шо Аллох бахшида хохад шуд. Аммо гар ягон ёру дусту хешон ва ё дигар мардумонро ранчонида бошед бояд аз онхо талаби бахшиш намоед то онхо шуморо бубахшанд.
Чун ба он хона расидем бемор худро ба гардани хохараш партофту аз у узру бахшиши зиёд мепурсиду мегирист. У мегуфт ки:
-Хохарчон! Аз пушти янгаат шуда туро ранчонидам-маро бубахш. Гар маро набахши ахволи ман чи мешавад?
-Ака! Ман аз шумо наранчидаам. Сабаби ба хонаи шумо наомаданам хамон занатон буд ки 1-2 маротиба маро аз дари хонаатон ронда гуфт ки шумо дар хона нестед. Пешаки занг зада ана баъд биёеду мехмони нахонда нашавед гуфтанд занатон!-чавоб гуфт хохараш.
Соате мо он хона мехмон шудему сипас суи шахр баргаштем. Ба хангоми рох амаки бемор илтимос кард то 1-2 китоби намоз ёфта дихем. Мо рост ба масчиди маркази рафта китобхои намоз бо харфи кирили, як Курьони тарчумадор, чойнамоз ва токи харидем. Бо маслихати падарам мо якчанд оби «Зам-зам» хам харидем то амак аз он зиёд бинушад.
-Ака! Шумо аз хамин руз тавба намуда намоз сар кунед, фарзандхоятонро хам фармоед то намоз хонанд. Аз хайру саховат хам фаромуш насозед ба мухточон. Фардо аз ин пулу моле ки пас аз шумо мемонад шумо пурсида хохед шуд- эхтиёт кунед!- гуфт ба бемор падарам.
Дар хонааш бемор моро бо писараш монду рафта гусл карда омад. Мо хам тахорат кардему намози асрро хондем. Ачоиб холате дошт амаки бемор хангоми намозхони. У хар тараф гуиё нафареро мечуст то уро дуруст намоз хонданро омузад. Бемор дертар ба писараш фармуд:
- Аз фардо ту хам намозхониро сар кун! Рузи шанбе албатта хама хешони наздикро ба хонаамон даъват кун-ман як маслихат дорам бо онхо.
Ин хама суханони уро занаш гуш мекардааст, аз дар даромада пурсид:
-Дадош! Чи кор доред ба хешон?
- Бехтараш биё назди мехмонон нагуям. Барои хамин рав аз пеши мо мардхо. Дигар ман маслихати туро гуш намекунам. Аз пушти ту шуда на хеш монд на бародару хохар. Рав ! Маро асабони накун!-дод гуфт бемор суи занаш.
Мо хам ичозат хоста ба хона равон шудем. Бемор моро хам илтимос кард то рузи шанбе ба хонааш биёем. Ман аз миёни китобхоям як китоби тавбаву истигфор ёфтаму ба дасти модарам ки ба аёдати он бемор мерафт рузи дигар равон кардам.
Аз хамон руз сар карда ин амак намоз сар мекунад, тавба мекунад. Писархояшро хам у намозхон карда аз субхи дигар ба масчид ба намози бомдод мебарад. Он китобе ки ман равон кардам зиёд ба бемор маъкул шуд. У зикрхои зиёде меомузад, тавба карданро меомузад ва ъамал мекунад.
Дар он китоб гуфта шудааст ки «Як катра ашки дар рохи Аллох мешуяд хама гунохони бандаро»! Яъне чунин одам ба Чаханнам дохил намегардад. Фаркаш нест ки ин одам ба хангоми шаб мегиряд ва ё рузона, дар танхои мегиряд ва ё миёни мардумон, дар моххои маълум мегиряд ё дигар моххо!Мухим ин аст ки он ашк аз сидк аз тарси Аллохи Бузург бошад. Чун Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
-«Нест бехтар дар дунё аз он чи ки Худованд дуст дорад аз ду катрае ва ду нишонае: он катраи аввал ин катраи ашк аст аз тарси Аллохи Бузург - ва катраи дигар катраи хуне ки дар рохи Аллох, ду нишона бошад аввали нишонае дар рохи бандагии Аллох ва нишонае дар бадани инсон хангоми ъамал намудан дар фармудахои Аллохи Бузург» («Сунанут-Тирмизи», 1720)
Аз хамон руз амаки бемор танхо ашк мерехтанд аз тарси Аллох ва дигар аз тарси маргу тарси бемориаш намегиристанд. У акнун мехост дар рохи Аллох нишонае гузорад: масчиде созад, рохе созад, ба он дехаи падари об гузаронад. Дигар он ки амак дуст дошт ин буд ки то дами марг Ъилм омухтан буд: Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд.
- «Зи гахвора то гур дониш бичуй».
Амак аз он руз сар карда бо кирили хам бошад Курьон омухтанд. Хар руз чун ба масчид мерафтанд аз домулло он харфхое ки намефахмидаанд мепурсиданд. Омузиши Курьону баъзе аходис, намозхои фарзиву нофилаи «дили шаб» сабаб шуданд ки амак дигар аз бемории хеш фаромуш карданд. Зиёди рузхо амаки бемор аз он пас руза мегирифтанд, ва мегуфтанд ки аз рузе ки руза мегирам хаёлам хело дардам аз ман дур мешавад ва худро хуб хис менамоям.
Он хафта рузи шанбе чун хешон чамъ меоянд амак якояк аз хамаашон бахшиш металабад то уро бубахшанд. Сипас у мегуяд ки:
-Мехохам дар зиндаги пулу моламро ба кадри имкон дар рохи Худо сарф кунам. Он масчиди бобогиамон кариб ки чаппа шудааст-онро аз нав месозам. Хар ки мушкили молие дорад ба ман хабар дихад то аз пулу моли худ аввал ба шумо хайр кунам –ана пас ба дигар мухточону барчомондагон.
Доду фигони занаш ин замон хавлиро ва гирду атрофро фаро мегирад. Амак назди у баромада мегуяд ки:
- Як замон ман на пул доштам ва на мол. Ё ман бою сарватдор будам замоне ки ба ту хонадор шудам? Нони чуворимакка хам хурдем, сабус хам хурдем- магар мо мурдем аз гуруснаги? Туву фарзандхоямон хам намемиранд-хол он ки имрузхо тенчиву амонист, фарзандон сохиби кору оиладор. Гар хамин тавр доду фигон куни ба туву фарзандон чизе боки намемонам.
Аз хамон руз у ба туи оиладоршавии 2-3 наздикон ёрии моли расонид, масчиди дехаро обод кард, ба мухточони гирду атроф бо пулу молу хурока дасти ёри расонид. Бо мушкилии зиёд ба деха об хам гузаронида дод. Дигар касе аз дари хонаи у надарояд ба максади карз ё ёри ноумед уро гусел намекардааст.
Акнун аз хама ачоибии ин кисса он аст ки:
Он марди бемор, ки ба у табибон гуфта буданд ки 6-7 мох умрат бокисту халос боз кариб панч соли дигар умр дида як соле пеш пас аз адои намози бомдод дар сахни масчид вафот кардааст. Дар ин якчанд сол у Курьонро акнун бо харфи араби ба хондан якчанд маротиба хатм кард, Хаччи Хонаи Худо кард, зиёд сураву аходис омухт.
Занаш пас аз он ки зиёди пулу мол аз байн рафт аз у талок талаб карда бо суд хакки худро талаб кардаст-аммо гайри як хонаи якхучраги чизе насибаш нагашт. Чун дар ин муддат у як хонаашро ба хохараш хадя карда буд, хавлиашро ба писаронаш таксим кард, зиёди пулу молашро хайр карда буд. У худ бошад ба хавлии падари кучида бокии умрашро он макон гузаронидаст.
Падари дустам накл карданд ки ин писар-амак аз он рузхо хама шабхо барои намозхои «Тахаччуд»-у «Шукрона» мехест. Кариб ки хама намозхояшро дар масчид мехонд ва вакти холиги ъилми Курьону аходис мегирифт. Обе ки у мехурд зиёдтар аз оби «Зам-Зам» буд. Гар бе оби «Зам-зам» мемонд сахт гамгин мешуд ва ба писаронаш занг зада хохиш мекард харчи зудтар аз масчиди маркази «Зам-зам» харида ба у равон кунанд.