Добавить в корзинуПозвонить
Найти в Дзене
ЯК КИССА

Хандакхои оташин (Киссаи Куръони)

Дар замонҳои гузашта подшоҳи золиму мутакаббире ҷодугари хосе доштааст, ки аз ў дар баъзе корҳо ёри мехост. Рўзе ҷодугар барои подшоҳ гуфт: -Эй подшоҳ ман воқеъан пир шудаам, пас бароям баччаеро бифирист, ки ба ў сеҳру ҷодугариро таълим бидиҳам, то дар оянда аз вай истифода бари. Подшоҳ барои сеҳргар писари зираке равон кард, ки ҳар рўз назди ҷодугар мерафт, то аз ў сеҳрро биёмузад. Дар ҳамон роҳе, ки писарак ҳар рўз аз он гузашта назди афсунгар мерафт, як марди парҳезгоре буд, ки ҳамвора Худоро ибодат мекард. Як рўзе писарак дар назди марди парҳезгор нишаста аз вай суханҳову дастуроти хубе дар мавзўъи парастиши Худои Ягона шунид, ки ин амр муҳаббати он марду Худои Яккаро дар дилаш эҷод намуд. Рўзе аз рўзҳо писарак дар роҳе равон буд, ки ногоҳ ҳайвони калонеро дид, ки дар роҳи мардум истода, роҳро банд кардааст ва ҳеҷ кас наметавонад аз ҷиҳати тарсидан аз он ҳайвони мазкур аз он роҳ убур намояд. Вақте, ки писарак ин ҳолро дид, худ ба худ гуфт : -Ин воқеъа бароям фурсати бузургест, ки

Дар замонҳои гузашта подшоҳи золиму мутакаббире ҷодугари хосе доштааст, ки аз ў дар баъзе корҳо ёри мехост. Рўзе ҷодугар барои подшоҳ гуфт:

-Эй подшоҳ ман воқеъан пир шудаам, пас бароям баччаеро бифирист, ки ба ў сеҳру ҷодугариро таълим бидиҳам, то дар оянда аз вай истифода бари. Подшоҳ барои сеҳргар писари зираке равон кард, ки ҳар рўз назди ҷодугар мерафт, то аз ў сеҳрро биёмузад.

Дар ҳамон роҳе, ки писарак ҳар рўз аз он гузашта назди афсунгар мерафт, як марди парҳезгоре буд, ки ҳамвора Худоро ибодат мекард. Як рўзе писарак дар назди марди парҳезгор нишаста аз вай суханҳову дастуроти хубе дар мавзўъи парастиши Худои Ягона шунид, ки ин амр муҳаббати он марду Худои Яккаро дар дилаш эҷод намуд.

Рўзе аз рўзҳо писарак дар роҳе равон буд, ки ногоҳ ҳайвони калонеро дид, ки дар роҳи мардум истода, роҳро банд кардааст ва ҳеҷ кас наметавонад аз ҷиҳати тарсидан аз он ҳайвони мазкур аз он роҳ убур намояд. Вақте, ки писарак ин ҳолро дид, худ ба худ гуфт :

-Ин воқеъа бароям фурсати бузургест, ки акнун мефаҳмам дар назди Худо ки беҳтар аст: ҷодугари ё марди парҳезгор?

Сипас аз замин сангеро гирифта, гуфт :

-Худоё агар он марди парҳезгор дар наздат маҳбубтар ва аз ҷодугар беҳтар бошад, пас ин ҳайвонро бикуш, то мардум аз роҳ бигузаранд.

Сипас ў ҳайвони мазкурро бо санг зад, ки ҷо ба ҷо мурд ва мардум ба осони аз роҳ гузаштанд. Баъди ин воқеъа писарак назди марди парҳезгор рафта ўро аз ҳодисаи мазкур хабар дод. Марди порсо ба ў гуфт :

-Эй писаракам дар ҳақиқат ту дар назди Худои Бузург аз ман беҳтар гашти !

Баъд аз ин писарак беморонро ба хосту иҷозаи Худо табобат мекард ва дар байни мардум машҳур гардид. Марди кўре, ки аз дўстони подшоҳ буд, низ аз писарак шунида ба наздаш омада гуфт :

-Биноии чашмамро бароям боз гардон, то дида тавонам.

Писарак барои марди нобино гуфт :

-Ман касеро шифо намедиҳам, балки Худованди Шофеъ шифо мебахшад. Агар ба Худои Бузург имон биёри, бароят дуъо мекунам, то Худованд биноии чашматро боз гардонад.

Он мард ба Худо имон овард ва писарак Худоро дуъо намуд, то ўро шифо диҳад. Худованд дуъои писаракро пазируфта, ба марди кўр шифо бахшиду дубора бинояш сохт.

Рафиқи подшоҳ бино гашту назди подшоҳ рафт. Вақте, ки подшоҳ ўро дид дар шигифт омада ба ў гуфт :

-Ки туро бино кард?

Он мард чавоб дод :

-Парвардигорам.

Подшоҳ барояш гуфт:

-Оё ғайр аз ман Парвардигоре ҳаст? Он мард гуфт :

-Парвардигори ман ва ту Худованди Якто мебошад!

Подшоҳ ба лашкариёнаш фармон дод, ки марди мазкурро азобу шиканҷа диҳанд. Онҳо он мардро чунон уқубату шиканҷа карданд, ки ночор аз писарак қоил шуд. Лашкариёни подшоҳ дар ҳол писарро ҳозир намуда, тибқи дастури подшоҳ ўро низ азоб доданд, то ин ки ў низ иқрор намуда, онҳоро аз марди парҳезгор хабар дод.

Подшоҳ марди порсоро ба наздаш хонд ва аз ў хост, ки парастиши Худои Якторо тарк намояд. Он мард аз фармони подшоҳ сар печида, дар динаш пойдори намуд. Оқибат подшоҳ ўро ҳамроҳи марди бино гардида ба қатл расонд.

Воқеъан подшоҳ бо истифода аз роҳҳои гуногун мехост, ки писаракро бикушад, вале ў ҳар дафъа ноком мешуд. Боре аз тариқи ғарқ кардан, бори дигар аз тариқи аз кўҳ андохтан хост, ки ўро бикушад, вале Худованд дар ҳама ҳолат писаракро аз маргу ҳалокат наҷот медод. Ин ҳангом писарак ба подшоҳ гуфт :

-Эй подшоҳ ту маро кушта наметавони магар ин, ки тибқи гуфтаи ман ъамал намои !

Подшоҳ ба писар гуфт :

-Кадом тариқаро пешниҳод мекуни?

Писарак гуфт :

- Аз ту талаб дорам, ки мардумро дар як ҷо ҷамъ намои, сипас найзаеро гирифта ба овози баланд бигўи : -Ба номи Худо, Парвардигори писарак ва он тирро ба сўям бияндоз. Агар ба ҳамин гуфта амал намои, бегумон маро хоҳи кушт.

Подшоҳ тибқи гуфтаи писарак ъамал намуда миёни мардумон ўро бикушт.

Вақте, ки мардум тафсилоти ин ҳодисаро ба чашмашон диданд дар ҳол иқрор намуданд :

-Ба Парвардигори писарак «имон» овардем.

Подшоҳ замоне дид, ки мардум ба Худованди Бузург имон оварданд хашмгин шуда ба лашкараш фармон дод, ки дар замин хандақҳо канда, дар он оташро шўълавар созанд. Сипас ў (подшоҳ) бифармуд, то ҳар шахсе, ки ба Худо имон овардааст, дар он хандақҳои оташдор бияндозанд.

Дар миёни мардуми имон оварда зане буд, ки тифли хурдашро дар бағал мебардошт. Вақте, ки ўро ҳамроҳи тифли мазкур барои дар оташ андохтан ҳозир намуданд, андаке у дудила шуд(ба фарзандаш дилаш сухт).

Ин замон он тифли хурдаш ба забон омада ба ў гуфт:

-Сабр кун, эй модар! Ҳамоно ту бар роҳи ҳақ ҳасти!

Пас он занро бо ҳамроҳи тифлаш дар оташ андохтанд ва у аз имонаш барнагашт.

#киссахои исломи #кисса #киссахои зиндаги