Ибни Ҳаҷари Ҳайтами дар китоби худ «Фатово аль-Ҳадисия» аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз у рози бошад) ин қиссаро ривоят мекунад ки:
- Замоне, ки Худованд дараҷаи Идрис (А.с)-ро боло бардошту ба у иҷозаи ворид шудан ба ҷаннат дод баъзе фариштагон ҳайрон монданд ва пурсиданд:
-Ё Аллоҳ! У аз миёни инсонийяте аст, ки гуноҳ мекунанд. Чаро у дар миёни мост?
Аллоҳи Мутаъол ба фариштагон фармуд:
- Он чи ки Ман ба одами додам –гар ба шумо низ диҳам шумо низ чун онҳо хоҳед шуд! Чаро шумо онҳоро маҳкум мекунед?
Фариштагон пурсиданд:
- Илоҳо! Ба инсонийят чи додаи ки ба мо надодаи?
Худованд фармуд:
- Ман ба онҳо «нафс» додаам.
Он гоҳ се фариштае гуфтанд:
- Илоҳо! Гар ба мо нафс диҳи мо дигар нахоҳем шуд. Мо гуноҳ нахоҳем кард, чун одами. Мо аз гуноҳ пок хоҳем монд.
Ин фариштагонро номашон Азал, Азоил ва Азоя буд. Пас Худованд ба онҳо фармуд:
- Ман шуморо ба замин равон хоҳам кард ва шумо миёни одами Подшоҳу қозиён хоҳед буд. Пас бо қонуни ман бо адолат сарвари намоед. Ман ба шумо нафсу шаҳват ва зарурат ба либосу об ва он чи ки ба одами зарур аст хоҳам дод. Мехоҳам шумо чун одами кайфияти зиндагиро ҳис намоед. Пас мебинам, ки шумо чи хоҳед кард!
Фариштагон гуфтанд:
- Илоҳо! Мо қонуни туро риоя хоҳем кард ва аз он берун нахоҳем шуд, ва бо он хоҳем зист. Моро ба замин бифирист.
Чун ба замин фуруд омаданд ва зиндагии инсонийятро аз наздик диданд якеи аз фариштагон тавба карду аз Худованд зориву тавалло кард:
- Илоҳо! Ман аз гуфтаам тавба кардам. Маро аз ин руи замин баргаштанро иҷозат бидеҳ! Он чи ки ба ман доди –гашта онро аз ман бигир! (ва ин фаришта Азал буд).
Пас Худованд ба у иҷозат дод то баргардад. Пас аз он Азал 40 сол дар саҷда буд то Худованд уро бубахшад. Пас Худованд уро бахшид ва у аз он пас ҳеҷ гоҳ сарашро боло намекард аз сабаби шарм доштан назди Худованд!
Он ду фариштаи дигар дар замин монданд ва гуфтанд:
- Илоҳо! Мо дар руи замин адолати Туро паҳн месозем!
Худованд номҳои онҳоро иваз кард ва Ҳоруту Морут ниҳод. Чунки онҳо ба замин фуруд омадагон буданд. Худованд номи Иблисро низ чун бар замин фуруд омад иваз карда буд –чун пеш номи у Азозиль буд. Ҳорут- яъне «ҳасад баранда», Морут- яъне «ғазаб кунанда».
Дар руи замин ин ду фаришта танҳо якчанд руз аз гуноҳ дур буданд. Онон подшоҳ буданд дар Вавилон(Бобул) миёни одамийят. Рузона онҳо ҳукмрони мекарданд- аммо шабона ба осмон бармегаштанд. Чун онҳо Исмҳои Аъзами Худовандро ки ғайри фариштагон касе намедонист медонистанд ва аз гуноҳу исьён пок буданд.
Ин ҳама як муддате идома ёфт то замоне, ки онҳо бо зане бадкорае бо номи Зуҳра во нахурданд. Он зан дар маҳаллае пешво буд. Чун он зан назди онҳо омад он фариштагон зуд ба у ошиқ гаштанд. Аммо аз якдигар ошиқ гаштанашонро пинҳон доштанд.
Пас пинҳони аз якдигар бо он зан барои вохури маслиҳат карданд. Он зан ҳам ба онҳо ваъда доду рафт.Чун фариштагон ба вохури омаданд нофаҳмида бо якдигар назди дари он зан ру ба ру гаштанд ва сири худро гуфтанд.
Он зан зиёд бадкораву бераҳме буд ва ба онҳо шарти худро мегузошт. Чун онҳо назди он зан даромаданд у чунин шарт гузошт ки:
- Ман бо шумо наздик хоҳам шуд (зино мекунам) ба шарте, ки дар дини ман дохил шавед! (У худ бутпараст буд). Фариштагон ҷавоб гуфтанд:
- Мо дар дини ту наметавонем дохил шавем-чунки мо танҳо Аллоҳи Бузургу Тавоноро мепарастем! Парастиши ғайри Аллоҳ щирк хоҳад буд!
Пас он зан дигар шарт гузошт ки:
- Ман бо шумо наздик хоҳам шуд, гар фалон одамро қатл намоед!
Фариштагон боз ҷавоб гуфтанд:
- Мо наметавонем қатл намоем, чунки ин гуноҳи бузург аст.
Ҳар он чи ки он зани маккор шарт намегузошт фариштагон онро қабул намекарданд. Пас он зан пешниҳод кард то шароб бинушанд. Фариштагон каме фикр карданду гуфтанд:
- Хуб. Мо ин шартро қабул хоҳем кард. (чун гумонашон гуноҳаш камтар аст).
Чун онҳо шаробро нушиданд маст гаштанд. Ин замон марди гадое дари хонаи он занро куфт ба умеди он ки ба у хурдание диҳанд. Зан ба фариштагон гуфт:
- Ин мард маро зиёд ошиқ аст. У ҳар руз меояду талаб мекунад то бо у наздик шавам.
Фариштагон дар ғазаб омада уро қатл мекунанд. Сипас дар ҳолати масти сири худро ба он зани маккора фош карданд. Он зани маккора ба онҳо шарти дигар гузошт ки:
-Ба ман бигуед, ки чи тавр ба замин фуруд меоед ва боз бар мегардед? (чун сиро шунид гуфт: -Исми Аъзами Илоҳиро бароям бигуед-он гоҳ бо шумо наздик хоҳам шуд.
Фариштагон зиёд сирҳоро ба зани маккора гуфтанд ва гуноҳ болои гуноҳон менамуданд. Зан хост бо истифода аз Исми Аъзам ба осмон парвоз намояд. Худованд нагузошт то он зан ба осмон боло шавад ва уро ба ситорае табдил дод.
Ҳоруту Морут чун ба худ омаданд дарк намуданд, ки чи гуноҳони Бузурге намуданд ва бо гиряву зори ба суи Аллоҳи Бузург тавба карда талаби мағфират намуданд.
Чун ин қисса ба гуши Идрис (А.с) расид аз Худованд барои онҳо талаби мағфират намуд. У гуфт:
- Ё Илоҳо! Ман илтиҷо менамоям то онҳоро бубахши!
Пас Худованд ба он ду фариштаи оси фармуд:
- Шумо худ бароятон ҷазо интихоб намоед! Хоҳед шуморо дар ин дунё азоб кунам- ва ё хоҳед дар охират азоб хоҳед шуд!
Фариштагон гуфтанд:
- Илоҳо! Мо аз азоби охират ва аз Ҷаҳаннам хабардорем. Мо қуввати азоби Ҷаҳаннамро надорем.Моро дар ин дунё азоб намо!
Худованд барои онҳо дар дунё ҷазое пешбини намуд ки дар Вавилон (Бобул) бо занҷир аз пойҳояшон баста шуду сарҳо поён овезон буданд. Ҳар яке аз ин тараф ба он тараф мерафтанду гашта ба якдигар бармехурданд. Аз сахтии бархурд ва дард аз чашмони онҳо оташ мебаромад.
Аз поини онҳо дарёе равон буду онҳо аз азоби ташнаги машаққате доштанд. Чун ҳангоми ин тараф он тараф рафтан аз онҳо то ба об масофаи миёни 4 ангушт мемонду аммо ба об намерасиданд. Ин ҷазоро Худованд барои онҳо то ба рузи Ҷазо раво дид.
Дар замони зиндагии Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) марде чун он қиссаро шунид хост ба назди он фариштагон равад ва аз онҳо сеҳр омузад.
Қисса мекарданд, ки пеш аз ХотамунНабийин (саллаЛоҳу ъАлайҳи ва саллам) умматони дигар паёмбарон (ва ҷинҳо) аз он фариштагон талаби омузиши сеҳру ҷоду менамуданд. Фариштагон пеш аз омухтан мегуфтанд:
- Эй мардум! Мо ин сеҳру ҷодуро ба шумо меомузем- аммо ин имтиҳони сахту фитнаи бузургест барои шумо. Ин сеҳру ҷоду шуморо ба куфр хоҳад бурд.
Ҳар нафаре, ки ин куфрро қабул дорам мегуфт фариштагон ъилми сеҳру ҷодуро меомухтанд ва у куфр меварзид.
Чун он марде аз умматони Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ба назди он фариштагон расид ва аҳволи онҳоро дид аз тарс ларзае уро фаро гирифт. Он мард аз нийяти доштааш пушаймон гашт ва тавба кард:
- Илоҳо! Аз нийяти кардаи худ пушаймонам! Маро ба ҳурмати Бузургият бубахшо чун ман аз пайравони Паёмбари Барҳақат ҳастам ва «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадарРасулаЛлоҳ» мегуям.
Фариштагон чун он «калимаи зебо»-ро шуниданд аз он мард пурсиданд:
- Эй бандаи Худо! Ту кисти ва аз умматони ки ҳасти?
- Ман аз умматони Муҳаммади Мустафо (дуъову дуруд бар у бод) ҳастам!- ҷавоб гуфт он мард.
-АлҳамдулиЛлоҳ! (шукронаи Аллоҳ)- хурсандона гуфтанд фариштагон.
Мард аз онҳо пурсид:
- Чаро шумо хурсанд гашта Шукронаи Аллоҳ мегуед?
- Чунки он Паёмбаре, ки ту гуфти Хотами Паёмбарон аст! (хатми Паёмбарон) Аз он рузе, ки моро Худованд чунин азобро раво дид ҳазорҳо сол гузашт. Пас мо хабар дорем, ки омадани Охирин Паёмбар аз наздики расидани Қиёмату охири ин дунё ва хотимаи ин азобу машаққати мо хоҳад буд.
Бо шунидани ин хабар он мард дубора тавба карду аз Худованд мағфират талабид.
Аз он замоне, ки он фариштагон азоб карда мешуданд онхо аз Аллоҳи Мутаъол илтиҷо мекарданд то барои пурсидани бахшиши бандагоне, ки куфру ҷодуро қабул накунанд иҷозат диҳад. Чун ин фариштагон дар худ диданд ба чи гуноҳу исьён мебурдааст «Нафсу шаҳват»-и инсони.
Худованд ба онҳо иҷозат дод ва онҳо барои баъзеи одами бахшиши гуноҳон аз Худованд мехостанд.
Тибқи баъзе ривоятҳо ин ду фаришта ба хурмати Хотами Паёмбарон, ки зиндаву ҳаёт буд аз Худованд талаби мағфирати худ намуданд ва бахшида шуданд. Тибқи дигар ривоятҳо Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) аз Худованд барои ин фариштаҳо мағфират талабид ва онҳоро Худованд бахшид.
Пас аз марги Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) касе аз онҳо хабаре намеёфт. Чун баъзе мунофиқону бединон умед доштанд аз онҳо ъилми ҷодуву куфр омузанд.
Ибни Ҳаҷари Ҳайтами дар китоби худ «Фатово аль-Ҳадисия» аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз у рози бошад) ин қиссаро ривоят мекунад ки:
- Замоне, ки Худованд дараҷаи Идрис (А.с)-ро боло бардошту ба у иҷозаи ворид шудан ба ҷаннат дод баъзе фариштагон ҳайрон монданд ва пурсиданд:
-Ё Аллоҳ! У аз миёни инсонийяте аст, ки гуноҳ мекунанд. Чаро у дар миёни мост?
Аллоҳи Мутаъол ба фариштагон фармуд:
- Он чи ки Ман ба одами додам –гар ба шумо низ диҳам шумо низ чун онҳо хоҳед шуд! Чаро шумо онҳоро маҳкум мекунед?
Фариштагон пурсиданд:
- Илоҳо! Ба инсонийят чи додаи ки ба мо надодаи?
Худованд фармуд:
- Ман ба онҳо «нафс» додаам.
Он гоҳ се фариштае гуфтанд:
- Илоҳо! Гар ба мо нафс диҳи мо дигар нахоҳем шуд. Мо гуноҳ нахоҳем кард, чун одами. Мо аз гуноҳ пок хоҳем монд.
Ин фариштагонро номашон Азал, Азоил ва Азоя буд. Пас Худованд ба онҳо фармуд:
- Ман шуморо ба замин равон хоҳам кард ва шумо миёни одами Подшоҳу қозиён хоҳед буд. Пас бо қонуни ман бо адолат сарвари намоед. Ман ба шумо нафсу шаҳват ва зарурат б