Сутеев В.Г. Расоме расми Хурӯсро кашид, аммо ранг кардани ӯро аз хотираш баровард. Ҳамин тавр Хурӯс ба сайру гашт баромад. Дар саҳни ҳавлӣ ҳама ба ӯ нигоҳ мекарданду механдиданд. Ҳатто чуҷаҳо ҳам. - Чаро онҳо ба ман механданд? - пурсид Хурӯс аз саг.
- Охир ту бе рангу бор гашта истодаӣ, ба худат як назар кун - гуфт саг. Хурӯс ба сӯи ҳавзчае рафта, акси худро ба об диду гуфт: - Рост, саг ҳақиқатро мегӯяд ва бисёр андӯҳгин шуд. - Ғамгин нашав, - гуфт саг, - ба назди Рангҳо рав онҳо ба ту кӯмак мекунанд. Ку-Ку - куҷоянд Рангҳо? - қуд- қуд карда садо зад Хурӯс. - Онҳоро аз куҷо ёбам? - Ман ба ту нишон медиҳам - гуфт саг. - Ба ҳамин роҳ рост рав ва ба ягон канор тоб нахур. Аз ҷангал мегузарӣ, аз куҳҳо мегузарӣ, аз дарёву кӯлҳо мегузарӣ ва баъд ба макони Афсона мерасӣ. Дар ҳамонҷо рангҳоро меёб