Аспсаворе марди чӯлоқеро рӯи роҳ дид, ки аз ӯ кӯмак мехост. Марди савора дилаш ба ҳоли ӯ сухт ва аз асп пиёда шуду марди чӯлоқро ба асп савор кард, то ба манзилаш расонад. Марди чӯлоқ вақте, ки савори асп шуд, лаҷоми аспро кашиду гуфт: - Аспро бурдам! Ва рӯ ба фирор ниҳод. Аммо пеш аз он, ки дур шавад, соҳиби асп фарёд зад: - Ту танҳо аспро набурдӣ, ҷавонмардиро ҳам бурдӣ. Асп моли ту, аммо гӯш кун, ки чӣ мегуям... Марди чӯлоқ аспро боздошт. Он мард гуфт: - Ҳаргиз ба касе нагӯй, ки чӣ гуна аспро ба даст овардӣ, зеро метарсам, ки дигар ҳеҷ саворае ба пиёдае раҳм накунад. Метарсам, ки дигар номе аз ҷавонмардӣ боқӣ намонад... ХУДОБАХШ 09.09.2017с.