Найти в Дзене
БАРОДАРИ МУСЛИМ

Саҳеҳи Бухорӣ ҳадиси #3

Аз уммулмўъминин Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Аввалин боре,
ки бар Паёмбари Худо (с) ваҳй нозил гардид, рўъёҳои неке буд, ки дар
хоб медиданд ва он чиро, ки дар хоб медиданд, монанди рўшании
субҳи содиқ ба ҳақиқат мепайваст ва ҳамон буд, ки хилватгузиниро
ихтиёр намуданд ва аввалин хилватнишиниашон дар ғори Ҳиро буд ва
дар он ҷо бидуни он, ки ба хонаводаашон баргарданд, чандин шаби
пай дар пайро ба тафаккур ва таъаббуд (ибодат) мепардохтанд ва
барои ин амал тўшаи лозимро бо худ мегирифтанд ва чун тўшае, ки бо
худ доштанд, ба итмом мерасид, бори дигар назди Хадиҷа омада ва
монанди мартабаи гузашта тўшаи лозимиро бо худ мебурданд, то он
ки дар ҳамин ғори Ҳиро бар эшон ваҳй нозил гардид ва бад-ин сурат
буд ки малаке наздашон омада ва гуфт:
- Бихон.
Гуфтанд:
- Ман хонанда нестам.
Паёмбари Худо (с) мегўянд:
- Он малак маро гирифта ва то ҷойе, ки таҳаммул доштам, фишор дод.
Сипас маро раҳо карда ва гуфт: Бихон. Гуфтам: Ман хонанда
нестам. Боз бори саввум

нестам. Боз бори саввум маро гирифта, фишор дод ва гуфт: Бихон, ба
номи Парвардигорат, ки Офаридгор аст, инсонро аз хуни баста халқ
намудааст, бихон ва Парвардигори ту бузургвортар аст.
Баъд аз он Паёмбари Худо (с) бо он чи ки аз малак шунида буданд,
дар ҳоле ки қалбашон метапид, назди Хадиҷа бинти Хувайлид (р)
омада ва гуфтанд:
- Маро бипўшонед, маро бипўшонед.
Ва эшонро пўшониданд, то он ки тарсашон аз байн рафт.
Моҷароро барои Хадиҷа (р) баён намуда ва гуфтанд:
- Воқеан, бар ҷони худ тарсидам.
Хадиҷа (р) барояшон гуфт: На, ҳаргиз матарс, ба Худованд қасам
аст,ки туро ҳеҷ гоҳ хор ва забун нахоҳад сохт, ту касе ҳастӣ, ки силаи
раҳмро баҷо оварда, ба бечорагон ёрӣ расонида ва бо дармондагон
ҳамнавоӣ мекунӣ, аз меҳмон ба гармӣ пазироӣ карда ва аз ҳақ
пуштибонӣ менамоӣ.
Хадиљҷа (р) он касро бо худ назди писари амаки худ Варқа ибни
Навфал ибни Асад ибни Абдулъузо бурд. Ин шахс аз ҷоҳилият ба
насроният гироида буд ва ба навиштани ибронӣ шиносоӣ дошта ва
чизњҳоеро аз Инљҷил менавишт ва ба синни пирӣ расида ва кўр шуда буд.
Хадиҷа (р) барояш гуфт:
- Эй фарзанди амакам! Аз бародарзодаат бишнав, ки чӣ мегўяд?
Варќқа ба Паёмбари Худо (с) гуфт:
- Эй бародарзодаам! Бигў, чӣ дидӣ?
Паёмбари Худо (с) он чиро, ки дида буданд, барояш ҳикоят
намуданд.
Варқа гуфт:
- Ин ҳамон малакест, ки Худованд бар Мўсо (ъ) фиристодааст, эй
кош ҷавон мебудам ва эй кош дар он рўзе, ки қавмат туро берун
мекунад, зинда мебудам.
Паёмбари Худо (с) фармуданд:
- Оё эшон маро берун хоҳанд кард?
Гуфт:
- Бале! Ҳеҷ кас бо чунин чизе, ки ту омадаїӣ, наёмадааст, магар он,
ки мавриди душманӣ қарор гирифтааст ва агар он рўзро дарёфтам, бо
ту ҳамкории шоёне хоҳам намуд.
Вале дере напойид, ки Варқа вафот ёфта ва ваҳй ба таъхир афтод.

____________________________________________
#як_ҳадис #як_лаҳза #саҳеҳибухорӣ #Саҳеҳи_Бухорӣ #ҳадис