Аз Оиша (р) ривоят аст, ки: Ҳорис ибни Ҳишом (р) аз Паёмбари
Худо (с) пурсид: Ё Расулаллоҳ, ваҳй бар шумо чӣ гуна нозил мешавад?
Паёмбари Худо (с) фармуданд:
Гоҳе монанди нағмаи ҷарас, ки ин шадидтарини он аст, то ҷойе, ки
саропоям дарҳам мешиканад ва ман он чиро, ки мегўяд, ба хубӣ дарк
мекунам. Гоҳе малак ба сурати шахсе бар ман зоҳир мегардад ва бо ман
сухан гуфта ва ман он чиро, ки мегўяд, дарк мекунам.
Оиша (р) мегўяд: ман Паёмбари Худо (с)-ро дар рўзи ниҳоят сарде
дидам, ки ваҳй бар эшон нозил мегардид ва аз асари ин ваҳй ончунон
таҳти фишор қарор гирифта буданд, ки арақ аз пешониашон сарозер
гардида буд.
___________________________________________
#як_ҳадис #як_лаҳза #саҳеҳибухорӣ #Саҳеҳи_Бухорӣ #ҳадис