Найти в Дзене
БАРОДАРИ МУСЛИМ

Дуое ки сабаби мӯъҷиза шуд.

Имрӯз Ин шаа Аллоҳ мо оиди дуое аз сураи Каҳф сӯҳбат мекунем, ки он ояти 10-уми ин сура аст:
Қуръон 18:10
إِذْ أَوَى الْفِتْيَةُ إِلَى الْكَهْفِ فَقَالُوا رَبَّنَآ ٰاتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَّهَيِِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا
Ба ёд ор, ки чун ҷавонони чанд ба сӯи ғор паноҳ бурданд, пас, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бахшише аз наздики Худ ба мо бидеҳ ва дар кори мо роҳёбиро барои мо омода соз».
Акнун аз таърихи пайдоиши ин дуо ҳарф мезанем. Ин дуоро кӣ гуфт?
Дар сураи Каҳф гуфта мешавад, ки якчанд ҷавон ба ғоре даромаданд ва ин дуоро хонданд.
Ин воқеа баъд аз паембарии ҳазрати Исо алайҳиссалом ба вуқуъ омада буд. Он ҷавонҳо дар ҷое зиндагӣ мекарданд, ки ҳама аҳолии он шаҳр бутпараст буд. Ин ҷавонон динни Худои якторо қабул карданд ва баъди оне, ки аз ин шаҳрдорон ва мардуми шаҳр бохабар шуданд, ҳатто худи подшоҳ омода буд, ки онҳоро ба қатл расонад.
Ин ҷавонон бо ҳам ҷамъ шуданд ва ба суи кӯҳ равона шуданд. Ва дар он кӯҳ ғореро пайдо карданду он ҷо пинҳон шуданд.

#дуое_ки_сабаби_муъҷиза_шуд
Имрӯз Ин шаа Аллоҳ мо оиди дуое аз сураи Каҳф сӯҳбат мекунем, ки он ояти 10-уми ин сура аст:
Қуръон 18:10
إِذْ أَوَى الْفِتْيَةُ إِلَى الْكَهْفِ فَقَالُوا رَبَّنَآ ٰاتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَّهَيِِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا
Ба ёд ор, ки чун ҷавонони чанд ба сӯи ғор паноҳ бурданд, пас, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бахшише аз наздики Худ ба мо бидеҳ ва дар кори мо роҳёбиро барои мо омода соз».
Акнун аз таърихи пайдоиши ин дуо ҳарф мезанем. Ин дуоро кӣ гуфт?
Дар сураи Каҳф гуфта мешавад, ки якчанд ҷавон ба ғоре даромаданд ва ин дуоро хонданд.
Ин воқеа баъд аз паембарии ҳазрати Исо алайҳиссалом ба вуқуъ омада буд. Он ҷавонҳо дар ҷое зиндагӣ мекарданд, ки ҳама аҳолии он шаҳр бутпараст буд. Ин ҷавонон динни Худои якторо қабул карданд ва баъди оне, ки аз ин шаҳрдорон ва мардуми шаҳр бохабар шуданд, ҳатто худи подшоҳ омода буд, ки онҳоро ба қатл расонад.
Ин ҷавонон бо ҳам ҷамъ шуданд ва ба суи кӯҳ равона шуданд. Ва дар он кӯҳ ғореро пайдо карданду он ҷо пинҳон шуданд. Онҳо аз касе умед надоштанд ва танҳо ба Парвардигори худ дуо карданд:
«Эй Парвардигори мо, бахшише аз наздики Худ ба мо бидеҳ ва дар кори мо роҳёбиро барои мо омода соз».
Ин дуоро шумо метавонед, ҳангоми сафар кардан, оғози кори нав ва умуман дар ҳолатҳое, ки намедонед чӣ кор кунед.
Агар аҳамият диҳед ин ҷавонҳо дар дуои худ аз Худованд талаб карданд, ки ба мо аз наздики худ Раҳмататро бидеҳ, яъне мо танҳо раҳмати Туро мехоҳем. Оё ин маънои онро дорад, ки ғайр аз Худованд аз бандааш низ Раҳмат метавон ёфт? Ҷавоби ин суол чунин аст.
Худованд як қисмати аз Раҳмати Худро ба офаридаҳояш додааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд, Худованд Раҳмашро ба 100 қисм ҷудо кардааст ва як қисми онро байни тамоми офаридаҳояш тақсим намудааст, яъне танҳо аз сад яктои онро байни тамоми офаридаҳояш, одамон, ҷинҳо, ҳайвонҳо ва ғайра. Ва маҳз бо сабаби ана ҳамон аз сад як қисме, ки Худованд ба офаридаҳояш додааст, модар ба тифлаш раҳм мекунад, ҳайвонҳо ба насли худ раҳм мекунанд ва ба монанди ҳамин дигар мисолҳо.
99 қисми дигарро Худованд барои Худ гузоштааст ва онро дар як рӯз ба бандагонаш фурӯ хоҳад овард, ки он рӯзи Қиёмат аст. Ва он чи вобаста ба Раҳмати Парвардигор, ҳаминро бояд қайд кард, ки андозаи онро ҳисоб кардан номумкин аст. Зеро Раҳмати Парвардигор беандоза ва тамомнашаванда аст.
Албатта мо баъзан раҳмати бандаро низ интизорем лекин аз ҳама бештар мо Раҳмати Парвардигорро мехоҳем.
Бо хости Худованд агар мо ҳаммаи мавзӯъҳои ин силсиларо тамом кунем ва ҳаммаи дуоҳоро ҷамъ кунем шумо хоҳед дид, ки дар аксарияти онҳо талаби Раҳмати Парвардигор мавҷуд аст. Ва аксарияти дуои паёмбарон низ талаби Раҳмати Парвардигор буд. Зеро Раҳмати Парвардигор зери худ ҳамма чизро дарбар мегирад.
Оиди Раҳмати Худованд, бояд қайд кард, ки Раҳмате ҳаст ки ҳар як инсон онро сазовор гаштааст. Яъне ин раҳматест, ки ҳамаро фаро мегирад ва он албатта Раҳмати Парвардигор аст ва маҳз бо сабаби он мо зиндаги дорем, яъне ин Раҳмати Аллоҳ аст, ки мо имрӯз умр ба сар мебарем. Вале боз Раҳмате аз ҷониби Аллоҳ ҳаст, ки на ҳама онро сазовор мешаванд. Ва Худованд онро танҳо ба бандагони боимонаш медиҳад.
Чигуна метавон онро ба даст овард?
Барои ба даст овардани ин Раҳмат бояд, инсон саховатманд бошад, ҳамеша дар роҳи Аллоҳ, барои беҳбудии вазъияти бандагони Аллоҳ хизмат кунад. Ҳамеша бояд корҳои хайр ба анҷом расонад, зеро Раҳмати Парвардигор бо ҳамонҳоест, ки неки меофаранд.
Ва яке аз дигар роҳҳои ба даст овардани ин Раҳмат, дуо аст. Бале дуо. Танҳо бардоштани дастон ва талаби Раҳмат кардан аз Аллоҳ басанда аст то Худованд Раҳматашро ба шумо бифиристад.
Ва он ҷавонҳое ки дар ғор буданд, онҳо дар як вазъияти вазнин қарор доштанд ва аз мардум рӯ гардонда буданд, на хӯрок доштанду на маблағ. Ва ба сӯи Парвардигорашон дуо карданд:
«Эй Парвардигори мо, бахшише аз наздики Худ ба мо бидеҳ ва дар кори мо роҳёбиро барои мо омода соз».
Онҳо одамони оддӣ буданд ва пайғамбар ҳам набуданд. Лекин имонашон хело қавӣ буд ва баъд аз дуояшон Худованд ба онҳо мӯъҷизае аз мӯъҷизаҳои Худро насибкард. Худованд онҳоро дар ҳамон ғор ба муддати 300 сол дар ҳолати хоб рафтан нигоҳ дошт ва ҳангоме, ки онҳо бедор шуданд, ҳатто гумон намекарданд, ки он шоҳе, ки мехост онҳоро ба қатл расонад кайҳо бо тамоми пайвандонаш несту нобуд шудааст.
Дар ин муддате, ки онҳо дар ғор хоб буданд Худованд онҳоро аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар чарх мезанонд ва онҳоро аз дигарон эмин нигоҳ медошт. Ҳар нафаре, ки онҳоро медид ончунон ваҳм дар дилаш пайдо мешуд ва ба дараҷае метарсид, ки дубора ба назди онҳо намедаромад. Оиди ин ҳодиса дар сураи Каҳф метавонед бештар маълумот пайдо намоед.
Ин ҳама мӯъҷиза бо сабаби як дуои оддӣ буд. Ва мо аз ин дуо чӣ дарс барои худ мегирем?
Дарс барои мо ҳамин аст, ки ҳар вақте мо дар ҳолате қарор гирем, ки фикр мекунем, тамом дигар роҳи ҳал вуҷуд надорад ва дигар коре карда намешавад ва ё дар оғози ҳар кор, ҳамеша бояд аз Аллоҳ талаб кунем то моро Раҳмат кунад ва ба кори мо осони бахшад.
Суханони Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро фаромӯш накунед, ки гуфтаанд, ҳар коре, ки бе ёди Аллоҳ оғоз мешаванд, ба мурод намерасад.
Дар ҳаминҷо қисмати навбати ба охир мерасад.
Худованд нигаҳбони ҳар яки шумо.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.