Найти в Дзене
БАРОДАРИ МУСЛИМ

Дуои аз ҳама бештар такроршаванда

Имрӯз мо оиди дуое ҳарф мезанем, ва он яке аз дуоҳоест, ки аз ҳама бештар дар Қуръон омадааст. Ин дуо аз сураи "Фотиҳа" аст.
Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!
Агар шумо аҳамият диҳед хоҳед фаҳмид ки ин ибора ибораест, дуоест, ки аз давраҳои қадим ва ҳатто дар тамоми забонҳо аз ҳама бештар такроршаванда аст. Яъне "Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!"
Агар сураи Фотиҳаро нигарем Худованд ин сураро ҳафт ояти аз ҳама бештар такроршаванда номидааст.
Ва ин сураест, ки мо аз ҳама бисёртар мехонем. Худ фикр кунед, вақте ки намоз мехонед новобаста аз он, ки чигуна намоз аст, фарз, суннат, воҷиб, таробеҳ, таҳаҷҷуд умуман ҳамма намуди намоз, дар ҳар ракаъати он шумо сураи Фотиҳаро мехонед.
Ҳар як мусалмон ба ҳисоби миёна дар як рӯз сураи Фотиҳаро 30 маротиба мехонад ва ин ҳолек дар рӯзҳои оддӣ, на ин ки дар Рамазон.
Дар Рамазон ба ҳисоби миёна дар як рӯз мо 50 маротиба сураи Фотиҳаро мехонем.
Як мусулмони одди дар як сол камаш 10 000 маротиба сураи Фотиҳаро мехонад.
Ва агар шумо ҳисоб кунед д

#дуои_аз_ҳама_бисёр_такроршаванда
Имрӯз мо оиди дуое ҳарф мезанем, ва он яке аз дуоҳоест, ки аз ҳама бештар дар Қуръон омадааст. Ин дуо аз сураи "Фотиҳа" аст.
Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!
Агар шумо аҳамият диҳед хоҳед фаҳмид ки ин ибора ибораест, дуоест, ки аз давраҳои қадим ва ҳатто дар тамоми забонҳо аз ҳама бештар такроршаванда аст. Яъне "Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!"
Агар сураи Фотиҳаро нигарем Худованд ин сураро ҳафт ояти аз ҳама бештар такроршаванда номидааст.
Ва ин сураест, ки мо аз ҳама бисёртар мехонем. Худ фикр кунед, вақте ки намоз мехонед новобаста аз он, ки чигуна намоз аст, фарз, суннат, воҷиб, таробеҳ, таҳаҷҷуд умуман ҳамма намуди намоз, дар ҳар ракаъати он шумо сураи Фотиҳаро мехонед.
Ҳар як мусалмон ба ҳисоби миёна дар як рӯз сураи Фотиҳаро 30 маротиба мехонад ва ин ҳолек дар рӯзҳои оддӣ, на ин ки дар Рамазон.
Дар Рамазон ба ҳисоби миёна дар як рӯз мо 50 маротиба сураи Фотиҳаро мехонем.
Як мусулмони одди дар як сол камаш 10 000 маротиба сураи Фотиҳаро мехонад.
Ва агар шумо ҳисоб кунед дар як рӯз сураи Фотиҳа миллиардҳо маротиба дар тамоми дунё хонда мешавад, ки ягон навиштаи дасти одамӣ шеър, рубои, ғазал, қисса ва ё дигар навиштаҳо бо Фотиҳа ҳатто наздиктар намеистад.
Ва чи аст маънои Фотиҳа, кадом аст ояти асосии он?
Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!
Ҳадисҳои зиёд ҳаст оиди ин сура ва дар яке аз онҳо омада, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо Ҷабраил нишаста буданд ва яке аз дарҳои Биҳишт кушода шуд. Аз он дар фариштае берун баромад ва назди Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фуруд омад. Ҷабраил ба Расули Акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфт: "Ин фаришта бори аввал ба замин меояд ва он даре, ки вай аз он ҷо баромад аввалин бор кушода шуд."
Баъд фаришта ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: Ё Расулаллоҳ маро Худованд фиристод то бо ду хабари хуш туро хушҳол гардонам. Худованд ба ту оятҳоеро фиристод, ки пеш аз ту ба ягон паёмбари дигар нафиристода буд, ин оятҳоро танҳо барои ту фиристодааст. Он сураи Фотиҳа ва оятҳои охири сураи Бақара аст.
Ва дар давом фаришта боз илова кард, ки агар инсони муъмин ин дуоро бихонед Худованд ҳама ниёзи ӯро бароварда мегардонад. Кадом дуо аст? Кадом дуо дар сураи Фотиҳа омадааст?
Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!
Ин ягона дуост дар сураи Фотиҳа, яъне ягона хоҳише ки банда аз Парвардигор мекунад. Дар ин сура танҳо як хоҳиш аст,
Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!
Ин яке аз дуоҳоест ки аз ҳама бештар инсон такрор мекунад ва ин хело муҳим аст, ки мо бояд дараҷаи ин дуоро донем ва ҳангоме, ки сураи Фотиҳаро мехонем онро аз сидқи дил ва бо тамоми имон содиқона бихонем, зеро ҳар кадоме аз мо талаб дорем то Худованд моро дар роҳи рост ҳидоят намояд.
Ин сура моро ба тарзи дуо кардан ошно месозад. Боре ҳам аҳамият додаед, ки дуо аз аввали сура не балки баъд аз якчанд оят оғоз мешавад. Ин этикаи дуо аст, яъне дар аввал мо Аллоҳро ситоиш мекунем, Ӯро таърифу тавсиф мекунем ва танҳо пас аз ин хоҳиш мекунем.
Яъне ин ҷо этикаи дуо ҳаст. Зеро мо вақти дуо кардан дарҳол бо хоҳиш оғоз намекунем, ин бар муқобили этикаи дуо аст. Мо бояд аввал мақом ва дараҷаи Аллоҳро баён кунем, номҳои зебо ва сифатҳои Ӯро зикр кунем, мо бояд тасдиқ кунем, ки ягона бениёз танҳо Ӯст, мо бошем банда ҳастем ва мӯҳтоҷи Аллоҳ ҳастем. Бо ин мо пешгуфторе мекунем ва баъд он чизе ки хоҳиш дорем талаб мекунем.
Дар ин сура калимаи "сирот" яъне "роҳ" истифода шудааст. Лекин "сирот" аз "сабил" ва "тариқ", ки онҳо ҳам "роҳ" тарҷума мешаванд фарқ дорад.
Калимаи арабии "сирот" маънои роҳи ростеро дорад, ки он баландиву пастиҳо надорад, ин роҳи росте аст, ки одамони зиёде аз он мегузаранд ва бо ибораи дигар ин роҳи асосӣ аст. Калимаҳои "сабил" ва "тариқ" роҳҳои наонқадар калонро ифода мекунанд, "сирот" бошад роҳи калонро.
Ҳамин тавр "сироталмустақим" ин роҳи росте аст, ки инсонро ба розигии Аллоҳ мебарад.
Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой! - ин дуоест, ки ҳаммаи чизро дар доираи худ ҷой кардааст. Яъне, барои он ки мо дар роҳи рост бошем бояд, ки имони комил дошта бошем, рафтори хуб, дилҳои соф ва ин ҳама дар мо пайдо мешавад агар Худованд моро ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Вақте, ки мо дуо мекунем бояд дуоҳое кунем ки онҳо бисёр чизҳоро дар худ иҳота кунанд ва ҳангоми дуо набояд ки чизҳои хурд талаб намоем.
Мисол, як нафаре ҳангоми дуо кардан мегуфт: "Худоё ман дар биҳишт қасреро мехоҳам ки бузург бошад, рангаш сафед ва вақте ман ба биҳишт дохил шавам он аз тарафи рост бошад."
Ин ба этикаи дуо муқобил аст.
Баъд устодаш ба ӯ гуфт, писарам ту танҳо биҳиштро талаб кун ва агар ба биҳишт дохил шудӣ ҳаммаи инро ту бе ин ҳам хоҳӣ гирифт.
Яъне, дуо бояд бо мазмуни худ хело паҳншуда бошад, бояд дар зери он ҳар чи бештар раҳматҳои Аллоҳ ҷойгир бошанд.
Боз як этикаи дигар дар ин дуо ҳаст. Шумо боре ҳам аҳамият додаед, ки ин ҷо мо на танҳо барои худ балки барои дигарон низ талаб мекунем. Яъне, Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой! Новобаста аз он, ки ҳар яки мо дар алоҳидагӣ Қуръонро мехонем мо барои ҳамма талаб мекунем. Ва ин барои чист? Ин барои он аст, ки мо дар баробари худ боз ба дигарон низ раҳмати Аллоҳро орзумандем, яъне мо дар ин роҳ танҳо будан намехоҳем, мо мехоҳем, ки бо тамоми мардум дар роҳи рост ҳидоят шавем. Яъне мо танҳо фикри худро намекунем ҳамчунин дигаронро низ фаромӯш намесозем.
Ин дуо баъд аз ин оғоз мешавад: Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ металабем.
Яъне мо мегӯем, ки Худоё танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ металабем, зеро танҳо Ту лоиқи парастиш ҳасти ва танҳо Ту метавони ба мо ёрӣ расонӣ.
Бо ҳамин мо ба дуои имруза мерасем ва дар ҳаминҷо ин силсиларо ба анҷом мерасонем.
"Моро ба роҳи рост ҳидоят бинамой!"
Худованд нигаҳбони ҳар яки шумо.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.