Ман мехоҳам, ки шумо ҳаёти падарбузурги мо Одам алайҳиссаломро пеши назар оред. Чӣ қадар хуш буд ҳоли ӯ, ки Худованд ӯро Худ офарид ва баъд аз ҷон додан бо ӯ ҳамсӯҳбат мешуд.
Худованд Одам алайҳиссаломро бо модарбузурги мо Ҳаво ба биҳишт дохил кард, то онҳо онҷо ором бошанд ва аз хушиҳои биҳишт лаззат баранд. Бале Худованд Одам алайҳиссаломро баъд аз офаридан сазовори биҳишт гардонид ва дохили он кард. Дар биҳишт танҳо як дарахте буд, ки ба Одам алайҳиссалом хӯрдан аз он дарахт манъ карда шуда буд. Вале дар тақдири Одам алайҳиссалом буд, ки он кас аз меваи он дарахт хӯрданд ва оқибат ҷазои ин хатогии хешро чашиданд.
Акнун тасаввур кунед, ки чӣ гуна Одам алайҳиссалом баъд аз ин шарм мекарданд, баъд аз ин ҳама меҳрубониҳо баъд аз ин қадар раҳмат аз ҷониби Аллоҳ.
Одам алайҳиссалом мебоист акнун зиндагиро дар замин биомузанд, зеро то ин дам ҳазрат дар биҳишт буданд.
Дар замин Одам алайҳиссалом бо мушкилиҳои замини рӯ ба рӯ мешуданд, хатарҳои гуногун ин ҷову он ҷо думболашон буд ва аз ҳама асос ҳазрат танҳоиро ҳис карданд ва гумон карданд, ки аз раҳмати Аллоҳ дур монданд.
Инак чӣ гуна Одам алайҳиссалом тавба карданд ва ба Аллоҳ наздик шуданд:
Худованд як чанд калима ба ҳазрати Одам алайҳиссалом омӯзонид, калимаҳои омӯрзиш ва бо сабаби ин ҳазратро бубахшид.
Ҳар яки мо вақте гуноҳ мекунем бояд падарбузурги худ Одам алайҳиссаломро ба ёд биёрем.
Зеро новобаста аз оне, ки чи гуна Худованд Раҳмати зиёд нисбати мо дорад, новобаста аз он, ки Худованд инқадар неъматҳои фаровоне ба мо насиб гардонидааст, мо боз аз Худованд рӯ мегардонем ва даст ба гуноҳ мезанем.
Агар шумо гуноҳ кардед, Худованд меомӯзад, ки ба тариқи тавба кардан дубора ба Аллоҳ наздик шавед ва аз раҳмати Ӯ бенасиб намонед.
Ва он калимаҳое, ки Худованд ба Ҳазрати Одам омӯзонид кадом калимаҳо буданд?
Онҳо дар сураи ал-Аъроф ояти 23 зикр шудаанд:
Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар хеш ситам кардем; ва агар моро наомурзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта, аз зиёнкорон бошем».
Одам ва Ҳавво гуфтанд, Худоё мо хато кардем, гуноҳ кардем ва агар Ту моро набахшӣ ва Раҳмататро аз мо дур кунӣ мо аз ситамкорон хоҳем буд.
Ана ҳамин калимаҳоро Худованд ба Ҳазрати Одам алайҳиссалом омӯзонид.
Аз имрӯз дар силсилаи "Дуоҳои Қуръонӣ" мо аз дуоҳое сӯҳбат мекунем, ки дар Қуръони Карим зикр шудаанд ва бо фоидаҳои онҳо низ шинос хоҳем шуд.
Ва аз дуои Одам алайҳиссалом оғоз намудем:
«Эй Парвардигори мо, бар хеш ситам кардем; ва агар моро наомурзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта, аз зиёнкорон бошем».
Ақидае ҳаст, ки ин аввалин ибодат ба Аллоҳ буд, зеро он вақт ҳоло ягон намуди ибодат намоз, ҳаҷ, закот ва ғайра набуд.
Вақте Одам алайҳиссалом дар Биҳишт буданд, он ҷо ибодат набуд ва ҳангоме, ки ба замин фиристода шуданд аввалин ибодате, ки ба анҷом расониданд ин дуо буд. Яъне бо дуои худ ба Холиқи хеш ибодат карданд. Ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ мегуфтанд, ки дуо ин мағзи ибодат аст.
Худованд мегуяд, ҳар нафаре, ки ба ман бо дасти дуо муроҷиат мекунад, ба дуои Ӯ ҳатман ҷавоб дода хоҳад шуд.
Бубинед, ки Одам алайҳиссалом гуноҳ карданд, яъне аз фармони Худованд берун баромаданд ва Аллоҳ эшонро ба Замин фуруд овард. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамоне, ки Одам алайҳиссалом гӯш накарданд ба Ҳазрати Одам дуоро омӯзонид, яъне гуфт, ту ғам махӯр ва ин дуоро бихон ва он сабаби тоза кардани гуноҳи ту хоҳад шуд.
Ин барои мо хело муҳим ва хело асос аст зеро умеди беандоза медиҳад. Худованд худ ба мо дуо меомӯзад ва мегӯяд, ки агар гуноҳ кардӣ ин дуоро бихон ва он сабаби омӯрзиши ту хоҳад шуд.
Дуо бо калимаи "Раббана" - оғоз мешавад, яъне Парвардигор оне, ки моро офарид. Яъне дуо бо оне оғоз мешавад, ки инсон пурра комилан вобастагии худро яъне мӯҳтоҷ буданашро ба Аллоҳ нишон медиҳад. Худоё ҳамма чиз дар дасти туст, Офарандаи ҳаммаи ин ту ҳасти. Яъне дуоро бо он оғоз мекунад, ки вобаста будани худро эътироф мекунад ва Ӯро фармонбардори мекунад, танҳо аз Ӯ талаби мағфират менамояд.
Ислом ҳамин аст, ки инсон пурра вобастагии худро аз Худованд тасдиқ мекунад ва танҳо ба ибодат ва фармонбардории Ӯ зиндагӣ мекунад. Баръакси ин амал нофармонӣ, бэаҳамияти аст, ки онро Шайтон нишон дода буд ва баъд аз оне, ки Худованд ӯро ҷазо дод вай тавба накард, талаби мағфират нанамуд, балки боз кибру ғурури хешро идома дод.
Барои ҳамин ин дуо бо қабул кардани он, ки мо иштибоҳ кардем ва муроҷиат ба Аллоҳ оғоз мешавад ва мо ба ин мавзӯъ боз чандин маротиба бар мегардем.
Вақти дуо кардан, мо бояд қабул кунем, ки он гуноҳе, ки мо кардем гуноҳи мо аст. Онро мо кардем ва касе дигаре ғайр аз мо ба он сабабгор нест ва барои он гуноҳ танҳо худи мо ҷазо хоҳем гирифт на каси дигар. Бале вақте гуноҳе кардед ҳеҷ гоҳ ба нафари дигаре ишора накунед, ки ба гуноҳи шумо вай сабабгор аст, не ин тавр нест. Ҳар нафар ба гуноҳи худ худаш ҷазо хоҳад гирифт. Ҳангоми дуо кардан бигуед, Худоё ман иштибоҳ кардам, гуноҳ кардам ва ин гуноҳи ман аст, касе ғайр аз ман ба ин сабабгор нест сабаби ин гуноҳ танҳо худи ман ҳастам ва ман дарк кардам ки барои худ ситам кардам ва аз ту талаби мағфират менамоям. Худоё маро мағфират намо.
Агар чизе аз Худованд талаб кардани шудед ҳатман онеро ки шумо ба он ниёз доред нишон диҳед, шумо бояд исбот кунед, ки ба оне ки талаб мекунед эҳтиёҷ доред ва яке аз чизҳои муҳим ҳангоми дуо ин ҳамон аст, ки мо бояд аз сидқи дил дуо кунем.
Вақте аз Худованд талаби мағфират мекунед, яъне бахшидани гуноҳҳо боз талаби Раҳматро низ фаромӯш накунед. Зеро мо бе Раҳмати Парвардигор ҳеҷ ҳастем. Мисол агар шумо бахшиш пурсидед тавба кардед ва корҳои хуби шумо корҳои бадатонро аз байн бурд ва шумо бо ҳисоби сифр яъне нол мондед, яъне тарозуи шумо на ба ин тараф асту на ба он тараф, ана ҳамон дам шумо ба Раҳмати Парвардигор ниёз доред.
Барои ҳамин ҳангоми тавба кардан ҳамчунин талаби Раҳмат низ кунед.
Ин шаа Аллоҳ бо хости Худованд мо дар ин силсила аз дуоҳое сӯҳбат мекунем, ки дар Қуръони Карим зикр шудаанд ва ин аввалин дуое буд, ки мо дида баромадем.
Аз шумо хоҳиш дорам то ин дуоро аз нависед бо худ гиред ва аз ёд кунед. Ҳамчунин дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш онро истифода баред.
Худованд нигаҳбони ҳар яки шумо.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.