мардумро кам карданианд. Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷуд надошт. Унсурҳои соддалавҳонаи риояи беҳдошт ҳамчун талаботи одат ва ё маросим ҳисобида шуда, аз насл ба насл дода мешуд. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан ягон-ягон намояндагони пешқадами тибби халқӣ-табибҳо, момодояҳо, шикастабандҳо ва монанди инҳо, ки дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ дастуру маслиҳатҳои мувофиқ медоданд, ба мардум мефаҳмонданд. Асоси мўътамади донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, зарурати ҳифзи саломатӣ дар асарҳои машҳури Абўали ибни Сино «Ал-Қонун» ва «Урҷуза» гузошта шудааст. Усулҳо ва принсипҳои пешгирӣ кардани ҳар гуна бемориҳо, дастурҳо ва маслиҳатҳои оиди маорифи санитарӣ, ки дар ин асарҳо оварда шудаанд, дар муддати асрҳои зиёде дастурамали табибони шарқ ва ғарб буданд, ин асарҳо аввалин сарчашмаҳое мебошанд, ки ниҳоли маорифи санитарӣ аз онҳо шодоб гардидааст. Ба туфайли тавсияҳо ва