“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео) Чаро мақомот ба доди маъюбон намерасанд? Парвина Мусамирова сокини деҳаи Дониёрқули ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён муддати ду моҳ мешавад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Кушониён, Раёсати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳо нисбати амалҳои зиддиқонунии нозири минтақаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён майор Нозимов Абдусалом пешниҳод кардааст. Вале бо сабаби маъюб буданаш ба гуфти ӯ суханҳояшро ба назар нагирифтаанд. Номбурдашуда бо ду чашми гирён ба студияи Tajikistantimes.comомад ва аслии воқеаро ба мо чунин шарҳ дод: -Рӯзи 12 феврали соли 2019 тахминан соатҳои 14:00 ба манзили истиқоматиамон писарҳои амакиам Азизов Ғаюр ва Азизов Толиб истиқоматкунандагони ноҳияи Вахш мебошанд, бе иҷозат ба қисми замини ҳавлии мо ворид гашта ҳезумхонаи моро оташ заданд. Чун мехоҳанд як порчаи замини мо чор тан маъюбонр