Найти в Дзене
Tajikistan Times

Як ҳафтаи даромади ройгон ба театр

Аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019»  баргузор мегардад.

Дар ҷашнвораи мазкур 18 театрҳои касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод хоҳанд кард.

Даромад ба тамоми намоишҳо ройгон аст.

-2