Дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия як муҳоҷири тоҷики 47-сола ба ҳангоми интиқоли иҷборӣ ба Тоҷикистон бар асари сактаи қалб ҷон додааст.
Бино ба хабари нашрияи Комсомолская правда, вазъияти саломатии ин муҳоҷир, ки номаш зикр нашудааст, дар толори интизории фурудгоҳ якбора бад шуда ва дар роҳи бемористон дар дохили мошии ёрии таъҷилӣ фавт кардааст.
Қарори додгоҳи шаҳри Екатеринбург дар мавриди ихроҷи муҳоҷирон рӯзи 2 апрел ба ҳукми қонун даромада ва ин сокини фавтидаи Тоҷикистон бояд ба таври иҷборӣ аз Русия берун мешуд.
Соли 2018 танҳо аз шаҳри Екатеринбург 14 ҳолати ихроҷи муҳоҷирони тоҷик тавассути ҳавопаймо сабт шудааст.
Зимнан, тибқи маълумоти Омбусмени Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳудуди 1000 тобут аз тариқи ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол шудааст.
Муҳоҷири тоҷик ҳангоми хуруҷ аз Русия… ҷон дод
9 апреля 20199 апр 2019
13
~1 мин