Хайрият, ҳамин дастқапакҳои дохили машруткаҳоро гирифтанд. Акнун ҳар вақте ки нақлиёт меистад ва ё рафиқ ронанда аз нақша дер намонам гуфта газро зер мекунад, мо ҳамсафарони дар барамон ростистодаро оғӯш мекунему меҳру муҳаббатамон боз ҳам бештар мегардад. Баъд аз ин супориши қатъии «Автобазаҳо» мусофирони «чухтакӣ»-ро дигар савор намекунанд ва ронандагон бо даромади ночизи мусофирони “ шинанда” тоб наоварда, аз кор рафта истодаанд ва акнун роҳҳо низ тамба намешаванд. Хайр он чӣ, ки нақлиёт дар як соат як маротиба меояду аз кору аз дарс дер мемонем, проблемаи мост. Бояд соати 5 хезему сари роҳи маршруткаи “шинандаҳо” бароем, он гоҳ ҳама кор 5 мешавад. «Зато» шаҳрамон зебою ҳама “шиштагӣ”… Инак, чанд рӯз мешавад, ки қисми зиёди ронандагон дастқапакҳои микроавтобусҳои мусофиркашиашонро кандаанд. Албатта, бо хоҳиши худ нею бо «тавсия»-и «боло». Кормандони БДА шабу рӯз интизоранд, ки ронандагони аз миқдор зиёд мусофир саворкардаро қапанду “иштароб” кунанд. АММО… Ин воқеан аммои калон