Найти в Дзене
Стихи давно забытых поэтов

Стихи давно забытых поэтов

Стихи поэтов на Кириллице
подборка · 5 материалов
Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ.
Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон, Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон. Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест, Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён. Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рўи ҷаҳон. Шавқати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст, Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон. Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам? 3-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон. Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сўхт, Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон. Дил дар огўши чу бўстони ту доим хуррам аст, Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон...
Надонам аз куҷо туркони чашмам боданӯш омад...
Надонам аз куҷо туркони чашмам боданӯш омад, Хирад аз ҳуш рафту бехудӣ ин ҷо ба ҳуш омад. Ману беҳушиву девонагиҳо ҳар куҷо рафтам, Агар як нағмае аз пардае ҳар ҷо ба гӯш омад. Ба даври ҳалқаи зулфаш ба олам фитна барпо шуд, Яке зуннорбанду дигаре пашминапӯш омад. Намедонам чӣ ҳарфе дар чаман боди сабо овард, Ки булбул дар фиғону ғунчаи пурхун хамӯш омад...
Таджикистан мой край родной.
Я преклоняюсь пред Тобою, любимый мой Таджикистан. Твоих сынов и дочерей, нас приютило много стран. Да мы покинули Тебя, Ты строго нас не осуждай. Не разлюбить нам никогда наш дальний, милый, тёплый край. Тот край любви, тепла и света, растёт там хлопок на полях. Арбуз и дыню вспоминаем мы со слезинкой на глазах...
Таджикистан, прости!
Таджикистан - Республика любимая, Прости , что мы покинули тебя. Но мы теперь , как птенчики ранимые,  Вдали живём, душой тебя любя. Уж сколько слов прекрасных нами сказано, Об этом можно книги написать. Ты был для нас не только Малой Родиной-  Порою заменял отца и мать. Взрастил ты нас лучами солнца тёплого, Водою с горных рек нас поливал. Хотел, что бы своим трудом ответным...
Як замон дар дили ман ёр иқомат мекард, Як замон дар дили ман ишқ қиёмат мекард. Як баҳор оташи эҳсоси ман афрӯхта буд, Ки саропои ман оҳанги муҳаббат мекард. Як саҳар аз дили ман буд тулӯъи хуршед, Ишқи хуршедваше хайру саховат мекард, Ҳар гаҳе хандазанон ҷониби ман меомад, Аз раҳи омаданаш бахти ман омад мекард. Сари зонуи сафедаш сари ман меосуд, Дили ман бо дили ӯ назми назокат мекард. Дили шаб буду дили ӯву дили ташнаи ман Дар зиёратгаҳи дидор зиёрат мекард. Як замон кай ба гами зиндагй огушта будам, Як замон кай дилам аз умр шикоят мекард. Устод :(Лоик Шерали ),1990г.