СЛУШАЙТЕ «АЯТУЛЬ КУРСИ» КАЖДОЕ УТРО - ДАЕТ СИЛЫ ДЛЯ НАЧАЛО ДНЯ ЗАРЯЖАЕТ ИМАН. Красивое чтение
Сураи Нисо Ояти 1 Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст. يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا ١ Йа айюҳа-н-носу-т-тақу Раббакуму-л-лази халақакум-м ми-н-нафси-в воҳидати-в ва халақа минҳо завҷаҳо ва басса минҳумо риҷолан касира-в ва нисао. Ва-т-тақуллоҳа-л-лази тасаалуна биҳи ва-л арҳом. Инналлоҳа кона ъалайкум рақибо. 1. 1. Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, он Парвардигоре, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҷуфти онро биёфарид ва аз он ду мардону занони бисёре падид сохт. Ва аз Аллоҳ битарсед, Он чунон Аллоҳе, ки аз якдигар ба номи Ӯ савол мекунед. Ва аз хешовандон хабардор бошед (аз қатъи силаи раҳм битарсед). Ҳаройина, Аллоҳ бар (кирдори) шумо нигаҳбон аст. Дар ҳақиқат, барномаҳои иҷтимоӣ, чун риояи ҳуқуқи якдигар, тақсими моли мерос, ҳимояи ятимон, риояи ҳуқуқи оиладорӣ ва ғайра бидуни такягоҳе мисли тақво (парҳезгорӣ) ба таври дурусту одилона ҳалли худро намеёбанд. Бинобар ин, ояти охирини сураи қаблӣ (“Оли Имрон”) ҳам бо зикри тақво ба охир расид. Ҳамчу таъкид Аллоҳтаъоло нахуст ояти сураи мазкурро бо тақво ифтитоҳ намуда, ҷамии мардумро хитоб намуда, онҳоро ба ибодати Аллоҳи ягонаи бешарик хонда, аз қудрату ваҳдонияти Худ онҳоро огоҳ намуда, гуфтааст, ки ай мардум, аз Худо битарсед! Зеро Худои шумо чунон зоти қудратмандест, ки ҳамаи шуморо аз як нафс, яъне аз як инсон падид овард. Решаи ҳамаи шумо як инсон Одам (а) аст. Дар ҷумлаи баъдӣ гуфтааст, ки ҳамсари Одам (а)-ро, яъне нахустин модарамон Ҳавво, ҷуфти Одам (а)-ро аз (ҷинси) он (яъне Одам (а)) офарид. Чун ӯ (а) ҷуфти худро дид, таъаҷҷуб намуда, ба Ҳавво моил шуд. Ҳавво низ бо Одам (а) унс гирифт. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки “Зан аз қабурғаи паҳлӯ, аз каҷтарин қисмати болои он офарида шудааст. Агар хоҳӣ, ки онро рост созӣ, онро шикастаӣ, агар истифода кунӣ, аз ӯ дар ҳоле истифода кардаӣ, ки дар он каҷӣ ҳаст”. Баъд Аллоҳтаъоло аз ин ду нафар, мардони бисёре ва занони бисёре офарид ва онҳоро дар гӯшаву канори Замин паҳн гардонид. Яке аз мӯъҷизаҳои Парвардигор он аст, ки инсонҳои аз Одам (а) ва Ҳавво ба дунё омада бо вуҷуди соҳиби як падару модар будан, шаклу ранг ва пӯсти гуногун доранд. Онҳо аз қавмият ва халқияти мухталиф иборат буда, ҳар як халқият соҳиби забон ва луғати ба худ хосро соҳиб аст. Маълум шуд, ки тамоми мардуми дунё новобаста аз шакл, ранги пӯст ва забони гуфтугӯяшон, дар асл фарзандони як ҷуфт Одам (а) ва Ҳавво ҳастанд. Пас, кӯшишу ҳаракат дар роҳи аз рӯи ҳусн, забон, боигарӣ, адад ва ғайра худро бузург ва дигаронро паст нишон додани баъзе халқҳо, як амали нодуруст ва хандаовар аст. Инчунин фикри материалистон ва дарвинистон дар бораи пайдо шудани инсон аз маймун, фикрест аз ҷиҳати илмӣ беасос ва як хаёли пуч. Ҷамъияти инсоние, ки зербинои он бо тақво асос наёфта бошад, охир ба фасод рӯ оварда, нобуд мегардад. Таърихи ҷомеаи инсонӣ шоҳиди ҳазорҳо халқу қавмиятҳои аз фасод нобудгашта аст. Сипас, дар охири оят бори дигар мефармояд, ки аз Худо битарсед. Ончунон Худое, ки дар назари шумо бузург асту, ба хотири номи Ӯ бо ҳамдигар ҳатто қасам хӯрда, чизеро мепурсед. Дар ҳадис омадааст, ки “Ҳар кӣ бо номи Аллоҳ чизеро аз шумо кӯмак хост, пас ба ӯ бидиҳед!”. Ҳамчунин Аллоҳ мефармояд, ки аз гусастани пайванди хешу таборӣ битарсед! Яъне читавре, ки бар шумо аз Аллоҳ тарсидан лозим аст, ҳамингуна силаи раҳм (рафту омад, ҳурмату иззати хешон, чӣ аз тарафи модарианд ё падарӣ) лозим аст. Зеро барқарор сохтани силаи раҳм, ин дастури Худост. Бо иттифоқу назардошти уламо силаи раҳм, як амали воҷиб аст. Дар охир ояти мазкур мефармояд, ки ҳар оина Аллоҳтаъоло муроқиби ҳоли шумост. Яъне Аллоҳтаъоло тамоми амалҳо ва ниятҳои шуморо, хоҳ хайр бошанд, хоҳ шар, бинандаву донанда аст. Шуморо дар баробари он амалҳоятон подош, ё ҷазо хоҳад дод. Маънои ҷузъи аввали ояти мазкурро ояти 21-уми сураи “Рум” ва ояти 72-юми сураи “Наҳл” ва ҷузъи охири онро ояти 9-ум
Суратҳои субҳ ба хайр (10 табрикнома бо забони точики)
Открытки Субх ба хайр (доброе утро) на таджикском языке.