Шеърхои табрикоти барои туй
Туй дори бахту бароре хоҳамат, Осмони беғуборе хоҳамат. Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ, Тоқату сабру қароре хоҳамат. Умри одам гаҳ баҳору гаҳ хазон, Умри сабзи арчаворе хоҳамат. Чаллаат бошад нишони ишқу бахт, Обрую эътиборе хоҳамат. Баҳори зиндагият доимо гулафшон бод, Чу атрии боғи Ирам накҳатат парафшон бод. Саодати абадат ёр боду чашмаи ишқ, Дуои лутфи Худо бар сари ту борон бод. Нигоҳи чашми ту андар амон бод, Ниҳоли қоматат дурр аз хазон бод. Зи даргоҳи Илоҳӣ ҳар чи хоҳӣ, Насиби ту ҳамон боду ҳамон бод...
06:44
1,0×
00:00/06:44
559,2 тыс смотрели · 4 года назад
20,8 тыс читали · 5 лет назад
Табрикот ба Рузи туй
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам домод ва аруси нозанинро ба муносибати ин рузи таърихии хаёташон табрик намоям. Аз Худои мутаъол мехохам то мухаббати ин ду навчавон човидони бошад. Бигзор хамеша дар бари якдигар хущбахт, гамхору мададгори хам бошанд. Хама пастию баландии зиндагиро дасти ба даст паси сар намуда то абад хамнафаси якдигар бимонанд. - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - Бароят май намехохам,ки май нушида мегардад, Бароят гул намехохам,ки гул пажмурда мегардад...