Шаҳҷоизаи ягонаи ман ватан аст, Шаҳномаи пурфасонаи ман ватан аст. Бе номи ватан на ном дорам на нишон, Шаъну шарафу нишонаи ман ватан аст. Дар боғи ҷаҳон ҳазору як гул рӯяд, Садбарги пур аз ҷавонаи ман ватан аст. Аз ҳар тапиши дилам шунав овояш, Ангезаи ошиқонаи ман ватан аст. Мазмуни таронаҳои ман ишқу вафост, Шеъри тару ошиқонаи ман ватан аст. Натвон зи қаламраваш даме дур шудан, Кошонаи ҷовидонаи ман ватан аст...