1 неделю назад
ДЕВАШТИЧ: Идомаи корҳои тарғиботӣ бо усули "Деҳа ба деҳа" дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ Дар идомаи корҳои тарғиботӣ бо усули Деҳа ба деҳа, маҳал ба маҳал ва хона ба хона мулоқоти гуруҳи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомони, деҳаҳои Дархон, Сухроб,Сурхобча ва Сумбулканд ҷараён гирифт. Дар вохуриҳо муовини раиси нохия Файзуллозода Насрулло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Рашидзода Ботур, сармутахасиси Бахши танзим ва ҷашну маросим Зеби Иброҳимова, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Зиёзода Дилмурод ва номояндаи ҷамоати номбурда Атамов Холиқберди ширкат варзида марбут ба соҳаҳои фаъолиятдошта ва мавзуҳои муҳими нақшавӣ ибрози андеша намуданд. Дар замони муташанниҷ эҳтиётиву оқилиро пеша карда, дар амнияти давлат саҳм доштан, дур будан аз маданияту фарҳанги бегона ва ба қадри арзишҳои миллиии хеш расидан, аз даст надодани худшиносии истиқлолӣ, ваҳдатсарои Ватану миллат будан, боло бурдани маърифатнокӣ дар байни қишри аҳолӣ ва ҳамзамон маданияти шаҳрдориву диёрдориву ватандорӣ, истифодаи самараноки замин ва кишти такрорӣ барои пеш бурдани амнияти озуқаворӣ бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ, захираи озуқаворӣ дар масими зимистон ва ҳам захираи дусоларо ёдрас карданд. Ҳамчунин, оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила ва ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қависозиву пайдории оила ва аз моҳияту муҳимияти мақоми оила ва оиладорӣ дар ҷомеа, даст кашидан аз либоси бегона, фаъолияти шарикии оила, мактаб ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзандони хеш, рушди ҳунармандӣ ва соҳибикории хурду калон дар байни занон ва меросӣ кардани ҳунарҳои дар маҳал амалдошта, иштироки фаъолонаи фарзандону аҳли ҷомеа дар Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби сокинон ба гирифтани Грантҳои президентӣ ва Раиси вилоят барои рушди касбу ҳунар, паст кардани сатҳи муҳоҷират дар ноҳия, пешгирии зиёдаравӣ дар тӯю маъракаҳо, дароз кардани дасти саховат ба ятимону маъюбон, ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатӣ идома додани ободониву созандагиҳо ва тозакориву зебоисозиҳои ҳар як сокини диёр аз остонаи хонаи зистиаш то гирду атрофи кӯчаву маҳали хеш муколамаи ошкорову дустонаву суҳбати самимӣ ороста шуд. Ҳамзамон гуруҳи корӣ бо усули хона ба хона вориди чанд хонаҳо гардиданд.