НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ БӮСТОН ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ "ХУҶАНД", №2 ҶАББОРЗОДА ПАРВИЗ АБДУҚОДИР
Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир 22 апрели соли 1977 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №200-и шаҳри Душанбе гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1997 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Мавсуф аз соли 1994 то соли 1996 ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ дар суди халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои...