2 подписчика
@БУХОРО, БА ЁДАТ ЧАШМИ МАН ТАР МЕШАВАД ҲАР БОР
Бознашри пости Меҳрбону
Устод Амина Шарофитдинова
Таърихи қавми ориёнро бидуни Бухорову Самарқанд наметавон тасаввур кард.
Магар тухми асили форсиро нахуст дар Бухоро накоштаанд? Ва дар ин ду бузургшаҳрҳое чун Бухорову Самарқанд асрҳои пеш забони адабӣ ташаккул наёфт? Оё аз садаи IX то инқилоби соли 1920 зиёда аз ҳазор сол дар Бухоро забони форсӣ забони илму адабу сиёсат набуд?
Чӣ сон метавон инкор кард, ки маҳз дар ҳамин сарзамин адабиёти форсӣ ба майдон омада ва ҷаҳонгир гашта!
Феҳрасти намояндагони ин адабиёт ва пуштибонони он хеле дароз асту тамоми онро ном бурдан ғайри имкон. Танҳо бо қайди номҳои Исмоили Сомонӣ, падари шоирон - Абуабдуллоҳи Рудакӣ, вазири хирадпешаву адабпарвар Абулфазли Балъамӣ, пири сарварони илм - Абуалӣ Сино, Муҳаммад Авфӣ, Носир, Исмат ва Сайфии Бухороӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Аҳмади Ҷомию Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Ҷалол Икромию Муҳаммадҷони Шакурӣ кифоя метавон кард, ки дар тақдири халқи тоҷик, худҷӯиву худрасии вай хизматҳои беназир кардаанд.
Бухоро баробари маскани илму адаб ва маърифат будан, дар гузашта бо номи Мадинат-ат-туҷҷор, яъне шаҳри бозаргон низ маъруфу машҳур буд.
Инчунин Бухоро хазинаи беҳамтои санъати меъмории Шарқ маҳсуб мешавад, ки имрӯз дар ин макони мубораку муқаддас зиёда аз дусад обидаҳои меъморию таърихӣ маҳфузанду ҳама бозгӯи ақлу заковат, табъи нозук ва маҳорати нотакрори гузаштагон аст.
Инҳо:
Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Арки олӣ, ки бо номҳои, Куҳандиз ва ё Мадинат-ат-дохила (шаҳре, ки ҳокимон зиндагӣ мекунанд) маъруф буд ва бино ба қаламдоди Муҳаммад Наршахӣ пеш аз милод аз ҷониби султони оташпарастон Бидун Бухорхудот барпо гаштааст, баландии Ҳазрати кабудпӯш, Боғи Ситораи Моҳи хосса, ки дар қатори дарбори ҳокимони Луври Пориж, дарбори князҳои Версал, Екатерина ва Николай дар Санкт-Петербург, Ливадаи Қрим ҷой гирифтааст, масҷидҳои Калон, Мағоки атторон, Намозгоҳ, тими Абдуллохон, Манораи калон, ки рамзи абадияти ин шаҳри муқаддас аст ва нақле мавҷуд аст, ки вайрон шудани ин манор нишонаи саршавии қиёмат мебошад.
Мабод он рӯз!
Номбарии ин ҳама ва навоҳию шахрхо чун Пешкӯ, Рометан (Ороми тан), Шофиркон (Шоҳпуркон), Гиждувон (Хиштдевор), Когон ... мавриди эътиборанд - тоҷикй!
Зеро 70 - 80 дар сади мардум тоҷиконанду форсигӯй.
Магар Бухоро ватани нахустин (1912 - 1913) матбуоти тоҷик низ набуд, ки "Бухорои шариф"-аш хонданд.
ЧӢ СОН БУХОРОРО БО ЧАШМИ САР ШИНОХТААМ?
1. Соли 1985 филмсози тоҷик Шавкат Болтаев ба ташкили киностудияи "Ситора" муваффақ гашт. Зиёда аз даҳ филм дар бораи таърих, ҳунар, урфу одат ва фарҳанги мардуми Бухоро, хусусан, эронинажодон таҳия кард. Инчунин гурухи мардумй-фолклории "Нозанин"-ро ташкил кард. Ва инхо дар фазои серситораи фархангии Бухоро боз ситорахое буданду бахри гиромидошти забон, фархангу суннатхои миллй худдифой доштанд.
2. Таъсиси Маркази фарханги точикони Бухоро бо номи "Офтоби Сугдиён" соли 1990, ки дар саргахи он Лутфулло Турсунов, Сафарова Сайлинисо, Мавлон Рачаб, Исо Рачаб, Асад ва Рахмат Гулзода, Юсуф Курбониён ва чанде дигар меистоданд. Алокахои мустахкам ва хамкорихои маркази фарханги точикони Самарканд бо ишон кобили кайд аст.
3. Аз мохи январи соли 1990 "Бухоро хакикати", ки хафтае 5 маротиба нашр мегашт, карор кард, ки хафтае як маротиба бо як сахифаи точикй нашр мегардад ва хатто аз руи накли Мухаммадчони Шакурй, матни табрикии ишон ба ин муносибат ба идораи рузнома ирсол гардида, аммо умуман руи чопро надидааст.
4. Соли 1991 дар Донишгохи давлатии Бухоро боз шудани аввалин гурухи точикии риёзй бо 15-нафар донишчу, ки руйдоде буд таърихй. Солхои баъд боз шудани чанд гуруххои дигар дар донишгохи номбурда, хамкорихо бо устодону донишчуёни ин гуруххо.
5. Дидорбинй, сухбатхо ва хамкорихо бо эчодкори маъруф Аминчон Шукуров, устодон Махмуд Косимов, Вохидов, Сирочиддин Бобо ва дигарон.
6. Таъсиси рузномаи деринтизори "Бухорои шариф" мохи январи соли 1992, ки мухаррири нахустини он Исо Рачаб буд ва табрикоту дастгирии он аз чониби хайати раёсати маркази фархангии мо-самаркандиён.
7
3 минуты
16 января