Найти в Дзене
1 подписчик

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир (Парвиз Ҷабборзода) — ҳуқуқшинос, Намояндаи ваколадтори Намояндагии КВД "Моҳии Тоҷикистон" дар вилояти Суғд, аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд, Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (қаблан), айни замон Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Маълумотнома

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир
Таърихи таваллуд: 22 апрели соли 1977
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе, ноҳияи Марказӣ
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ

Таҳсилот
Соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷани вилояти Суғд дохил шуда соли 1999 донишгоҳро бомуваффақият аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2024 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дохил гашта айни замон дар соли сеюм таҳсил дорад.

Донандаи забонхо: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, туркӣ ва англисӣ бо луғат.

Дараҷаи тахассусӣ: Хизматчии давлатии дараҷаи 2.

Кор ва собиқаи фаъолият:
01.02.1993 — Котиби маҷлиси Суди халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
09.03.1995 — ҳуқуқшиноси Бӯстонсарои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон
15.01.1997 — Роҳбари ҶДММ “Сино”-и шаҳри Бӯстон
20.05.2005 — Роҳбари ҶДММ “Сомон Ҷабборзода”
15.03.2008 — Котиби маҷлиси Суди иқтисодии вилояти Суғд (ба тариқи гузариш)
2014-2024 Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд
2024-то ҳол Намояндаи ваколадтори Намояндагии КВД "Моҳии Тоҷикистон" дар вилояти Суғд,
Парвиз Ҷабборзода яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни кору фаъолиятҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамзамон сардори шӯъбаи Ташкилоти умумии Россиягии «Мубориза бо фасод (коррупсия)» дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

05.03.2015 - вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
05.03.2020 - вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон.
05.03.2025 - вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаи интихоботии "Хуҷанд -2"
Қадршиносӣ
Дар давоми фаъолияти корӣ Парвиз Ҷабборзода бо меҳнати софдилона, ташаббусҳои нек, саҳми арзанда дар ободониву пешрафти ҷомеа, таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва дигар фаъолиятҳои пурсамар ба дастовардҳои зиёд ноил гаштааст. Аз ҷумла бо беш 50 адад сипоснома, 30 адад ифтихорнома, 40 адад сертификат ва 15 адад диплом қадршисонӣ ва сазовор дониста шудааст. Аз инҳо аз ҷумла Сипосномаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Айнӣ, Дастгоҳи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷрояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, Раёсат ва идорароҳои мухталиф, сохторҳои мухталифи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Созмонҳои байналмилаӣ, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ ва ғайра барои саҳми назаррас гузаштан дар татбиқи барномаҳои мухталифи давлатӣ, корҳои ташкилотию тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи аҳолӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш ва дигар корҳои назаррас қадршиносӣ карда шудааст.
Аз ҷумла cанаи 26 сентябри соли 2009 барои тасдиқи гузаштан аз сертификатсияи ҷамъияти Аъзоёни комиссияи сертификатсиони маслиҳатӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази таълимию судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби сертификат гардидааст.

Вазъи оилавӣ
Парвиз Ҷабборзода соли 1998 оила барпо намудааст. Ӯ соҳиби се фарзанд, яъне 2 духтар ва як писар мебошад.


Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир (Парвиз Ҷабборзода) — ҳуқуқшинос, Намояндаи ваколадтори Намояндагии КВД "Моҳии Тоҷикистон" дар вилояти Суғд, аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд,
3 минуты