8 подписчиков
ФАРОМЎШ КОШ МЕКАРДАМ
Фаромӯшӣ надорад он табассумҳои ширинат,
Фаромӯш кош мекардам суханҳои дурўғинат.
Намехоҳам ба чашмонат назар бо меҳр андозам,
Фаромўшам нагардад шуълаи чашмони шарминат.
Чӣ зебо нақш баста дар хаёлам бўсаи гармат,
Фаромўшам намегардад муҳаббатҳои деринат.
Зи бўи зулфи мушкинат, Худоё, то ҳанўзам маст,
Ба рўи дастам овезон ҳамон зулфони пурчинат.
Сухан бо меҳр мегуфтӣ ба гўши ман ту шармида,
Чу гулҳо мешукуфтӣ гоњ аз шарми булўринат.
Дурўѓин ишқи ту буду дурўғин бўсаҳои ту,
Ки захме монда дар лабҳои ман лабҳои қандинат.
Таманно менамудӣ,то ки ман умре туро хоҳам,
Вале рафтию монд аз ту таманнои дурўғинат.
Абдуқаҳҳори Қосим
Около минуты
2 августа 2022