5 подписчиков
Оё аломатҳои офтобзаниро медонед?
➖ Офтоб занад, ҳолатҳои баландшавии ҳарорати бадан, сурхшавии пӯст, мондашавӣ, тезшавии нафасгирӣ ва дилзанӣ, дарди сар, дилбеҷошавӣ ва аз ҳуш рафтан намоён шуданаш мумкин аст.
➖ Бино ба маълумоти Вазорати ҳифзи тандурустӣ аз сабаби гармӣ зарурат шавад, тавассути телефони 103 маслиҳат гирифтан мумкин аст.
➖ Офтоб занад, ба тана сачоқи нам мондан, аз халтачаҳои яхкардашуда фоида бурдан, ёрии таъҷилӣ ҷеғ задан лозим.
➖ Дар гармӣ таомҳои сабук ҳазмшаванда ва меваҷот тановул кардан лозим. Либосҳои рангаш кушоди васеъ ва ҳаво мегузаронда пӯшидан лозим аст.
*КАНЗИ ШИФО*
Около минуты
1 июля 2022