4 подписчика
ВОРУХ
Во мешавад дили ман дар кӯчаҳои Ворух,
Чун ғунчаи шукуфта зери ҳавои Ворух.
Чун мурғаки раҳида аз чанги доми ҳасрат
Хоҳам, ки пар кушоям андар самои Ворух.
Ҳасрат ба дил намонад, умре агар бимонам
Чун сабзаҳову гулҳо дар гӯшаҳои Ворух.
Мушку абир резад, сад ҷӯи шир резад,
Савти муҳаббат ояд аз ҳар навои Ворух.
Аз як нигоҳи поке покизатар шавад дил
Аз покии ниҳод аст атри сафои Ворух.
Дар лонаи нигоҳе мурғи висол пар зад,
Бар боми кӣ нишинад мурғи ҳумои Ворух.
Ҳимматбаланд ҳастанд, ғамнописанд ҳастанд,
Фарзанди панд ҳастанд ин бачаҳои Ворух.
Ёди Ватан надорад меҳмони хираи ӯ,
Он қадр ҷону дил бохт, то шуд гадои Ворух..!
Камол Насрулло
Около минуты
1 мая 2022