Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам, Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам. Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал ба даст Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам. Ном мемондӣ ба нийят бар ҳама навзодҳо, Рахт меоростӣ дар тӯи навдомодҳо. Тоҷи тиллои арӯсонро ту мебастӣ мудом, Атр меомехтӣ бар накҳати гулбодҳо. Дар раҳи фарзандҳо обу адо гаштӣ ба меҳр, Дар ҷидоли модарӣ бо ҷон фидо гаштӣ ба меҳр. Ту сиришти меҳру ишқу зиндагӣ будию боз Оқибат аз зиндагонӣ ҳам ҷудо гаштӣ ба меҳр. Бегулу гулдаста мактабхона мебурдӣ маро, Дошта аз дасти ман, шодона мебурдӣ маро. Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин Бар ҷаҳони қиссаю афсона мебурдӣ маро. Хотирам дарди дили пиронаи ту мебарад, Як ҷаҳони қиссаю афсонаи ту мебарад. Ту дигар бар хонаи ман худ намеоӣ, вале Бандагӣ охир маро бар хонаи ту мебарад. Муаллиф:Лоиқ Шералӣ