Надонам аз куҷо туркони чашмам боданӯш омад,
Хирад аз ҳуш рафту бехудӣ ин ҷо ба ҳуш омад.
Ману беҳушиву девонагиҳо ҳар куҷо рафтам,
Агар як нағмае аз пардае ҳар ҷо ба гӯш омад.
Ба даври ҳалқаи зулфаш ба олам фитна барпо шуд,
Яке зуннорбанду дигаре пашминапӯш омад.
Намедонам чӣ ҳарфе дар чаман боди сабо овард,
Ки булбул дар фиғону ғунчаи пурхун хамӯш омад.
Рухи зарду дили пурхун ба ҳасрат з-ин чаман рафтам,
Зи хоки турбатам, Шайдо, гули раъно ба ҷӯш омад.
Автор: (Шайдои Хучанди)