1.Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем, В-ин якдама умрро ғанимат шумарем. Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем, Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем. 2.Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст», Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!» Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор, К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст! 3.Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад, Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад. Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ? Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад. 4.Ин куҳнаработро, ки олам ном аст, Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст. Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст, Гӯрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст. 5.З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд, Фармой, ки то бодаи гулгун оранд. Ту зap найӣ, эй ғофили нодон, ки туро. Дар хок ниҳанду боз берун оранд! 6.Чандон бихӯрам шароб, к-ин бӯйи шароб, Ояд зи туроб, чуй шавам зери туроб. Гар бар сари хоки ман расад махмуре, Аз бӯйи шароби ман шавад масту хароб! 7.Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш, Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш. В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф Месозаду боз бар