Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ, Сафои бомдоди ман ту будӣ. Аё модар, ба он сон бесаводӣ Нахустин устоди ман ту будӣ. -------------------------------------- Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман? Сарафрозӣ ба олам, додари ман? Замин то осмон розиям аз ту, Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман? ----------------------------------------- Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан, Сутуни гунбади миноӣ, эй зан. На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан, Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан. ------------------------------------ Дилам хоҳад, равам бар кӯи модар, Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар, Тамоми рӯи дунёро бигаштам, Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар. .-----------.------------.--------------....-...---.----- Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд? * * * * Дареғо, модари пирам, дареғо, Чароғи бахту тақдирам, дареғо. Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир