Модар, чӣ калимаи муқаддас аст, ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбати ба фарзанд бемисл аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст. Шоир беҳуда нагуфтааст. Як шаба он ранҷ, ки Модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.